Баҳси коронавирус ва ғизо дар маҷлиси Ҳукумат: гузориши вазир ба Президент

0
46

Баҳси коронавирус ва ғизо дар маҷлиси Ҳукумат: гузориши вазир ба Президент

Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, коронавирус аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумат гузориш дод, ки то ҳол дар кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Олимзода зимни маҷлис дар бораи тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориш додаст.

“То имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад”, – хабар додаст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қавли вазири тандурустии кишвар.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ба Тоҷикистон идома дода мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҳукумати Чин рӯзи 31 – уми декабри соли гузашта ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дода буд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус – 2019-nCoV мебошад.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Ирон, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Источник: sputnik-tj.com