Баҳодур Усмонов соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио гардид

0
139

Баҳодур Усмонов соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио гардид

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи мамлакат Баҳодур Усмонов аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баҳодур 11 март дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд.

Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд.

Дар вазни -63кг дар баробари Баҳодур Усмонов Обада Алкасба (Урдун), Закир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Ӯзбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Япония доир мегарданд, пайдо намуданд.

АКС аз КМО Тоҷикистон

 

Источник: khovar.tj