Ба истифода додани роҳи автомобилгарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой

0
146

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамзамон роҳи 7 километраи шаҳраки Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд. Роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба бошандагони ин деҳаҳо мушкилӣ эҷод мекард. Акнун баъд аз навсозӣ гардидани роҳ мушкилоти сокинон бартараф шуда, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт мусоид гардонида шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур маркази ноҳияро бо мавзеи Чилдухтарон пайваст менамояд. Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт ба мавзеи Чилдухтарон ва маркази ноҳия, дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 21 километр идомаи роҳи мазкур пурра азнавсозӣ гардида, ба ин васила барои ҳаракати шабонарӯзии нақлиёт имкониятҳои мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Қобил ба зикр аст, ки корҳои таъмирию навсозӣ дар ин масир соли равон оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки бо мақсади боз ҳам равнақ додани корҳои созандагӣ масъулияти баланд ҳис намуда, дар ободии кишвар саҳми худро гузоранд.

Дар ноҳияи Мӯъминобод корҳои таъмиру барқароркунии роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 167 километр роҳҳои ҳудуди ноҳия ва аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта таъмиру навсозӣ карда шавад. То имрӯз беш аз 40 километр роҳҳои ноҳиявӣ таъмир карда шудааст.

Источник: president.tj