Ба истифода додани Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон

0
96

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд.

Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.

Дар ошёнаи якуми бино толори калони намоиш дар масоҳати 193 метри мураббаъ,  хазина ва даҳлез ҷойгир карда шудааст.

Толори намоиши ошёнаи дуюм дар масоҳати 400 метри мураббаъ  таърихи ноҳияро дар даврони пеш ва баъди соҳибистиқлолии мамлакат фаро мегирад. 

Анбори нигоҳдории нигораҳо, ҳуҷраҳои карантинӣ ва либоснигоҳдорӣ, ташхисгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон бо тамоми шароити замони муосир, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер ва дигар имконот дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст. 

Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ бунёд ёфта, дар он тасвирҳо аз гузаштаи таърихии сокинони ноҳия ҷойгир карда шудаанд, ки аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад. 

Бинои наву замонавӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.

Дар рафти сохтмони бино беш аз 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кори мувақатӣ ва маоши хуб шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис» бо сатҳу сифати баланд ба итмом расонида шудаанд.

Масоҳати замини барои бунёди осорхона ҷудогардида 15 садякро ташкил намуда, худи иншоот дар майдони 593 метри мураббаъ бо шакли зебо қомат афрохтааст.

Ҳангоми сохтмон таваҷҷӯҳи асосӣ ба мутобиқгардонии берун ва дохили бино ба гузаштаи ин минтақа ва нигораҳои таърихии мавҷуда равона карда шудааст.      

Ҳоло дар хазинаи осорхонаи навбунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.

Осорхона аз 5 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Источник: president.tj