Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва тақдими тӯҳфа ба 100 нафар ятимони вилояти Суғд

0
166

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии “Мавҷ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар он толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат дар ибтидо наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо гардонидани ин сарзамин ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим, ки ҳамагӣ зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳои идона иборат аз сару либоси мавсимӣ, шиму костюм, пойафзол барои духтарон атласу адрас ва либосҳои баҳорӣ тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.

Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.

Дар навбати худ ин табақаи ҷомеа низ ба Сарвари ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ ҳар гуфтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Источник: president.tj