Ба истифода додани марҳилаи сеюми корхонаи истеҳсоли халтаҳо дар ҶДММ “Суғдпак” дар шаҳри Бӯстон

0
57

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпак” оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави ҷамъияти “Суғдпак” аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад.

Таъсису фаъолияти коргоҳҳои нав дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави “Суғдпак” 150 нафар коргарону мутахассисон бо ҷойи кории баландмузд таъмин гардидаанд, ки аксаран сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи якум оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва моҳи ноябри соли 2017 марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпак” оид ба истеҳсолӣ халтаҳои полимерӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буданд.

Муассис, соҳибкорон ва масъулону мутахассисони корхона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти афзун намудани ҳаҷму номгӯи маҳсулот, васеъ кардани корхона иқдомҳои навбатиро амалӣ намуданд. Дар давоми 2 сол иншооти нави дуошёна барои корхонаи сеюм бо ҳамаи инфрасохтори истеҳсолӣ-технологӣ бунёд карда шуд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ, бо васлу насби хатҳои технологии бофандагию дӯзандагии як қатор давлатҳои хориҷӣ, бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор дона халтаҳои калонҳаҷм дар 1 сол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати “Суғдпак”-ро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.

Дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-Бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ шурӯъ аз коркарди ашёи хом-полипропилен ва дигар ашёи хоми полимерӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо истеҳсоли пайдарҳами аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо васлу насби 200 адад таҷҳизоти коркарди гранулаҳо, дастгоҳҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Муассис ва соҳибкорони ҷамъияти “Суғдпак” дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ кардаанд. Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ – Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст.

Баъди шиносии пурра бо корхона ва шароитҳои фароҳамовардашуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахасссисон ва роҳбарияти корхона аз наздик суҳбат намуда, ба соҳибкорон барои обод кардани як гушаи Ватан, иқдомҳои созандагӣ ва саҳми муносиб дар раванди саноатикунонӣ баҳои арзанда доданд.

Источник: president.tj