Ба истифода додани майдончаи варзишӣ ва истироҳатии наврасону кӯдакон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

0
639

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 07.09.2019  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Асадулло Ғуломов, назди биноҳои М3 б.2, М2 б.2 ва б.4  майдончаи варзишӣ ва истироҳатии наврасону кӯдакон бо шароитҳои сатҳи баланд, ки сохтмонашро  Иттифоқи Тоҷикматлубот амалӣ намуд, мавриди баҳрабардории сокинони маҳалаи номбурда гардид. Дар иншооти мазкур роҳраву гулгаштҳо, нишастгоҳҳо, майдонча барои бозии кӯдакону хурдсолон, инчунин майдончаи варзишии барои бозиҳои футболу баскетболи наврасон бунёд гардида, бо шароитҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Майдончаи варзишӣ ва истироҳатии наврасону кӯдакон ба  маблағи  878614  сомонӣ  бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бунёд ёфта,  бо тамоми шароиту имкониятҳои муосир  сохта ба истифода  дода шуд.  Дар рафти  ба истифода додани  майдончаи мазкур   муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф.Ҳ., Раиси ноҳияи Сино Салимзода Н.Ф., муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Х.Р. ва дигар намояндагон иштирок доштанд. Иштирокчиёни ин чорабинӣ ба сифати корҳои сохтмончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Иттифоқи Тоҷикматлубот барои бунёди чунин як майдончаи зебои варзишӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ояндаи низ баҳри амалӣ намудани иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва солимгардонии насли ҷомеъа кӯшиш ба харҷ  медиҳад.