Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи Алӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара

0
85

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёд карда шудааст.

Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфӯзи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат дар намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ низ бо маром идома дошта, бо ин васила дар беҳтаршавии инфрасохтори деҳоти ноҳия ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи Ватан иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои софи корхона иншооти муосири саноатӣ бунёд намуда, дар пешрафти соҳа ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор саҳми хешро гузорад.

Ба хотири зебогии муҳит ҳамзамон коргарони коргоҳ атрофи иншооти истеҳсолиро сафолакпуш карда, гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинониданд. Бино бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди коргоҳи маводи шустушӯӣ муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди коргоҳи нав имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ ҳамзамон 15 нафар сокини маҳаллӣ низ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ аз лоиҳаи нави коргоҳи саноатӣ иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ҳамзамон ба коркарди маҳсулоти ватанӣ замина гузошта, бо ин васила сатҳи иқтисоди миллӣ низ баланд бардошта мешавад.

Источник: president.tj