Ба истифода додани гулгашт ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб

0
203

Соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти баноми Сафар Амиршоевро,ки  бо тарҳи муосир  ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида он дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамияти Масулияти Маҳдуди “Мега техник иншоот бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Дарозӣ гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад.  Корҳои сохтмонии гулгашт, моҳи июни соли ҷори  оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии гулгашт, зиёда аз 250 нафар сокинони маҳали бо кор ва  маоши хуб таьмин гардида буданд.

Дар гулгашт ҳамчунон барои сокиноу меҳмон қаҳвахона сохта шудааст,ки дар як вакт имкондорад, ки то 80 нафарро кабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодобнамудани дарахтону гулҳои гулгашт ҳамчунон як чоҳи  амуди бо иқдори 250 куб сохта шуда аст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он  172 чароғаки муосири 6 метра ва барои гирду атрофи гулгашт 60 адад чароғакҳо насп кардашудааст. Ҳамчунон  дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳо ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ  барои гаштугузори сокинон мусоид аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани  гулгашт,  беш аз 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст. Ду фаворае,ки дар ин гулгашт бунёд кардашудааст ба гулгашт зебои дигар бахшида аст.
     
Зимни боздид аз корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар гулгашти марказии шаҳри Кулоб Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода,туҳфаи арзандаи Ҳукуматии мамлакат дар арафаи ҷашни 28умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриямон ба сокинони шаҳри Кӯлоби бостони манидод намуданд.

Источник: president.tj