Ба истифода додани ҶДММ “Ширеши Тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
135

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширеши Тоҷик”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соҳибкорони маҳаллӣ Абдуқодир Набиев ва Манижа Умарова ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат”, ҷамъияти мазкурро таъсис дода, бо истифода аз технологияи муосир аввалин маротиба дар Тоҷикистон истеҳсоли ширеши акрилиро ба роҳ монданд.

Иқтидори корхона дар як моҳ истеҳсоли зиёда аз 300 тонна ширеши хушсифат буда, оянда вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсоя ин нишондод ба 500 тонна расонида мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи ширешбарорӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардид.

 Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди корхонаи ширешбарорӣ наздики 10 миллион сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия ва Чин оварда шудааст ва ба таъкиди мутахассисони соҳа мавҷудияти ҳамин гуна хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки ашёи хом ба таври зарурӣ мавриди коркард қарор гирад ва ба харидорон маҳсулоти хушсифат ва муҳимтар аз ҳама аз ҷиҳати экологӣ безарар пешниҳод карда шавад.

Дар корхона дар навбати аввал истеҳсоли 15 намуди ширеш, ки қаблан аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Русия, Туркия, Чин ва Ӯзбекистон ворид карда мешуд, роҳандозӣ гардидааст, ки асосан дар соҳаи сохтмон ва омода намудани қолин ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати махсус диҳанд.

Источник: president.tj