Ба истифода додани бинои нави Суди ноҳияи Дарвоз

0
190

19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. 

Аснои шиносоӣ бо шароити кории иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳияи Дарвоз дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия қомат афрохтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд.

Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.

Дар бинои Суд барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино дорои ду толори барҳаво мебошад ва кормандони суди ноҳия барои гузаронидани маҷлису дигар мулоқотҳо аз шароиту имкониятҳои нав самаранок истифода хоҳанд бурд.

Дар бинои тозабунёди Суди ноҳияи Дарвоз китобхона бо теъдоди 300 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо шумораи 10 ҳазор нусха китоб ташкил карда шудааст. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани китобхона дар назди муассисаву корхонаҳо амалӣ гардидааст.

Кормандони Суди ноҳияи Дарвоз имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро дар арафаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда номида, онҳоро ба фаъолияти хубу босамар ва содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини адолати судӣ ҳидоят намуданд.

Источник: president.tj