Ба истифода додани бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара

0
124

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 25 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 68 ҷои нишаст, осорхона, ташхисгоҳ, китобхона, меҳмонхона, мавзеи зебо барои истироҳат ва машғулиятҳои варзиши сабук, инчунин дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. 

 Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 70 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ иштирок карда, он дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланди меъморӣ ба истифода дода шуд.

Аз рӯи тарҳ дар бинои замонавии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара утоқҳои барҳавои корӣ бо мизу курсиҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои лозимаи соҳавӣ таъмин мебошад.

Дар шуъба ташхисгоҳ, маҷлисгоҳ, гӯшаи олами ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон, китобхона барои мутолиаи ашъору асарҳои илмию бадеӣ ва соҳавӣ бо шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавҷуд аст.

Президени мамлакат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ барои тозагии муҳити атроф ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он  ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид.

Дар китобхонаи шуъба гӯшаи Президент таъсис дода шуда, дар он асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию бадеӣ, ки беш аз 2 ҳазор ададро дар бар мегиранд, ҷамоварӣ гардидааст, ки аз ин шароит кормандон метавонанд, босамар истифода намоянд.

Дар ошёнаи 5-уми бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо мақсади истироҳату фароғати кормандон меҳмонхонаи замонавӣ ва толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои байниидоравӣ бунёд гардида, он дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад. Утоқҳои меҳмонхона барҳаво ва бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, бо шароити мусоид, аз ҷумла рахти хоб, ҷевон, яхдон, телевизор ва мебелҳои замонавӣ таъмин мебошад.

Қисми болои бино макони зебои тамошобоб ва истироҳат барои кормандону меҳмонон мебошад. Дар ин макон ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғулияти кормандон ба варзиши сабук шароити арзанда муҳайё карда шудааст, ки онҳо метавонанд, дар вақтҳои фориғ аз кор ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.

Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи бинои мазкур сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва зиёда аз 100 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст, ки ба намои берунаи бино зебоии хосса зам мекунад.

Источник: president.tj