Ба истифода додани бинои Меҳмонхонаи “Муъминобод” дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод

0
253

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳия Меҳмонхонаи “Муъминобод”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои Меҳмонхонаи “Муъминобод” дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд шуда, ба зебогии ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.

Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ Меҳмонхонаи “Муъминобод” метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Ба иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмона, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Меҳмонхонаи “Муъминобод” дар деҳаи Шаҳринав шинос шуда, аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуданд ва чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти мамлакатро шоистаи дастгирӣ хонданд.

Дар ҳамин ҷо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор хони идона ороста шуд. Ба кӯдакон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин қишри осебпазири ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд.

Источник: president.tj