Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Норак

0
60

24 октябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон идома ёфт.

 Дар шаҳри Норак нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро ба истифода супориданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст.  

Дар ошёнаи якуми бинои Маркази адлия равзанаи ягона, китобхона ва толори ақди никоҳ ҷойгир мебошад. Дар равзанаи ягона дастгоҳу таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ васлу насб гардидааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кутоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.

Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия ва сокинони шаҳр баҳрабардорӣ мекунанд. Толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.

Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории Идораи нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Норак ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи чорум бошад, меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳово барои 8 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

 Дар таҳхонаи иншоот бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар бойгонӣ китобҳои сабти аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим дар шароити зарурӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар умум дар бинои Маркази адлияи шаҳри Норак 12 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ, лифт ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст.

Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намоянд.

Иншооти хуштарҳи навбунёд ҳамчун туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар шаҳри Норак ба ҳисоб меравад.

Источник: president.tj