Ба истиқболи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун идома дорад

0
236

Ба истиқболи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун идома дорад

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли равон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Панҷакент бунёди қариб 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, 4 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм» шинос гардид.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар ҳудуди шаҳраки қадимаи Саразм бунёди иншооти гуногун, аз қабили осорхонаи «Саразм», меҳмонхона, дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон, рамзи 5500-солагии Саразм, дарвозаи мамнуъгоҳ, панҷарабандии атрофи он ва мумфаршкунии роҳҳо идома доранд.

Корҳои асосии сохтмонӣ дар осорхонаи «Саразм» ва меҳмонхона ба итмом расида, айни замон бомпӯшкунии иншоот ҷараён дорад.

«То имрӯз ҳамзамон сохтмони девори дарвозаи мамнуъгоҳ қариб ба итмом расида, аторфи он ба масофаи 1300 метр панҷарабандӣ карда шудааст. Корҳои роҳсозиву сафолакчинии пайроҳаҳо низ муташаккилона идома дошта, роҳҳои пиёдагард ба масоҳати 1340 м2 сафолакпӯш гардидаанд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ ҳоло таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, татбиқи нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин мавзеъ идома дорад.

Мавриди зикри хос аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Бо назардошти пешниҳоди хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ( 12-28 ноябри соли 2019) мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ба истиқболи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун идома дорад Ба истиқболи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун идома дорад

Источник: khovar.tj