Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст

0
354

Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ гуфта шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ва қарори марбутаи Раиси вилоят соли оянда дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад. Таъкид гардид, ки таҷлили 5500-солагии Саразм ба Рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО низ пазируфта шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҷашни сатҳи байналмилалӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Сипас, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷашн маълумот доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баррасии вазъи омодагиҳо барои тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодасозии маводи зарурии тарғиботӣ оид ба Саразми бостонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба ёдгории қадимӣ ва дигар масъалаҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-«Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардидааст.

31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи «Мероси фарҳангии умумибашарӣ» ворид гардид.

Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст

Источник: khovar.tj