Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд

0
161

Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ ва маводи хӯрока кумак расонида шуд

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд як миқдор либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводи безараргардонӣ, гигиенӣ ва хӯрока аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумак  расонида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ин иқдом ҷиҳати ҳифзи саломатии кормандони тиб, ки бо масъулияти баланд баҳри нигаҳдории солимии ҷомеа ҷаҳду талош доранд, амалӣ гардид. Ин амали созандаи ҳизбиён дар шаҳру навоҳии вилоят пайравони худро пайдо карда, сокинон, хоса ҳизбиён ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ чораҳои муассир андешида истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновируси COVID-19 тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Дар меҳвари ин амалҳои пешгирикунанда кормандони соҳаи тиб бо масъулияти бузург чораҷӯӣ доранд, ки онҳо як гурӯҳи бузурги узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Источник: khovar.tj