Бӯрӣ Каримов: агар навсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?

0
167

Бӯрӣ Каримов: агар навсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем?

Ба ақидаи Бӯрӣ Каримов, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон кайҳо вақти он расидааст, ки дар кишвар ба бунёди метро дар шаҳрҳои калон ва истеҳсоли автомошинаҳо шуруъ кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik, Хуршед Шералӣ. Бӯрӣ Каримов дар тӯли фаъолияти роҳбарияш дар вазифаҳои гуногун аз прораби калон сар карда то роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Ҳоло бошад вай котиботи Шӯрои роҳсозони байнидавлатии ИДМ-ро роҳбарӣ мекунад.

Бӯрӣ Каримов дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ӯ чӣ гуна ҷавонтарин вазири Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид, ва воситаҳои беҳтару навсозии соҳаи нақлиёти кишварро шарҳ дод.

Чӣ гуна Каримов ҷавонтарин вазири Иттиҳоди Шӯравӣ шуд?

Бӯрӣ Каримов дар оилаи деҳқон дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Дар хурди орзӯи муаллим шуданро дар дил мепарваридааст, аммо баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба донишкадаи техникӣ аз рӯи ихтисоси “роҳсозӣ” супурда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Бояд гуфт, ки падари Каримов мехостааст, ки писараш ронандаи трактор шавад.

“Вай медид, ки барои ронандаҳои трактор дар колхоз ҳамеша кор аст. Ҳамчунин он вақт ронандаи трактор барои деҳаи мо одами калон ҳисоб мешуд”, – мегӯяд Каримов.

Бӯрии ҷавон волидайнро розӣ кунонида бо дӯои онҳо донишҷӯйи донишкадаи техникӣ мегардад. Каримов ба ҷуз институти политехникӣ хатмкардаи якчанд донишгоҳи дигар, ҳамчунин аспирантураю докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия мебошад.

“Ба ғайр аз 4 соли фаъолият дар ҳукумат ман тамоми ҳаётамро ба масоили роҳсозӣ бахшидаам. Кӯшиш мекунам ба воситаи кутоҳ намудани роҳҳо, пайваст намудани шаҳру кишварҳо бо ҳам, ба одамон кумак карда бошам”, – мегӯяд Каримов, муаллифи зиёда аз 60 китоб ва 300 мақолаи илмӣ.

Роҳ ба сӯи вазорат барои Каримови ҷавон дар давраи Шӯравӣ аз вазифаҳои, муҳандису прораб оғоз гардида, то ба вазифаи роҳбари раёсати ташкилоти роҳсозӣ расидааст. Дар ин миён вай дар сохтумони бисёр роҳҳою купрукҳои автомобилгард, ба монанди роҳи НБО Норак, Бойғозӣ, ТАЛКО, Комбинати электро-химиявии Ёвон ва ғайраҳо ширкат варзида буд.

Ҳамин тариқ Бури Каримов соли 1978 дар синни 29-солагӣ Вазири сохтумон ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди (ҳоло Вазорати нақлиёт) Тоҷикистон интихоб шуда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҷавонтарин вазир шинохта мешавад. Худи ҳамон сол ӯро ба ҳайси вакили палатаи болоии парлумон интихоб мекунанд.

“Дар рӯйхати номзадон ба курсии вазир номи 10 нафар ҷой дошт ва номи ман ҳамчун номзади эҳтиётӣ сабт шуда буд. Аммо аз дохили онҳо маро вазир интихоб карданд. Дар ёд дорам вазирон байни худ мегуфтанд: “Ҷавонеро вазир интихоб кардаанд, ӯ дар ҳаёташ чизе сохтааст?”. Аммо ман бо шарофати Навсозӣ (Перестройка) ва демократикунонии ҷомеа, ки бо ташаббусӣ Гарбаёв сурат гирифта буд вазир шудам”, – ёдовар мешавад Каримов.

Баъди ду сол дар соли 1989 Каримов ба ҳайси роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва ноиби роҳбари Шӯрои Вазирон интихоб гардида.

Мо бо Гарбачёв роҳ ба сӯи Амрико кушодем

Солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ барои Бӯрӣ Каримо бисёр пурсамар буданд.

“Дар асл ман яке аз фармондеҳони Навсозӣ мебошам. Дар телевизионҳо баромад мекардам, ки ин аввалин барномаҳои телевизионӣ дар бораи Навсозӣ буданд. Ман ҳамчун роҳбари Кумитаи нақшаи давлатии Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ба саволҳои барандаи машҳур Вознесенский дар Маскав ҷавоб дода будам” – изҳор дошта Каримов бо шухӣ чунин қайд мекунад: “Агар Пётр 1 роҳ ба сӯи Аврупо кушода бошад, мо бо Горбачев ба Амрико”.

Имрӯз бо гузашти солҳои тӯлони Бӯрӣ Каримов иқрор аст, дар дилаш нисбати ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ, Горбачёв ҳисси бадбинӣ надорад.

“Ман ҳам мисли дигарон ӯро бо он айбдор мекунам, ки ӯ аз уҳдаи идораи киштии азиме, ки ӯро ИҶШС ном буд набаромад. Аммо ӯ бисёр корҳо кард, то ки ошкорбаёнию навсозӣ ва демократия ҳукмрон бошанд. Агар навсозӣ намебуд мо имрӯз магар соҳибистиқлол будем? Не. Инро набояд фаромӯш кард”, – қайд кард Каримов.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Бӯрӣ Каримов дар Маскав ба сар мебрад. 28 сол боз роҳбарияти котиботи Шӯрои роҳсозони байнидавлатии ИДМ бар уҳда дорад ва ҳамзамон роҳбари Шӯрои байнидавлатии роҳсосзон буда, ба ҳайси профессор дар якчанд донишгоҳҳои олии Маскав дарс медиҳад.

“Лоиҳаҳои мо – ин роҳравҳои байналмилалӣ, аз ҷумла роҳҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва қисматҳои аврупоии ИДМ мебошанд. Ман дар Тоҷикистон 5 лоиҳа пешниҳод кардаам, ки дар масирҳои гуногун амалӣ гардонида шудаанд:  Душанбе — Чанак, Душанбе — Турсунзода, Душанбе— Ҷергатол, Душанбе — Панҷи поён, Кӯлоб — Хоруғ — Қулма — Каракорум”, – тавзеҳ дод Каримов.

Нақлиёт ва роҳ дар Тоҷикистон

Бӯрӣ Каримов бо таҳлил аз вазъи инфрасохтори роҳҳои Тоҷикистон дастовардҳои солҳои охирро пешравӣ мехонад.

“Ман бисёр хурсандам, ки бо шарофати ҳукумати имрӯзаи кишвар бисёр роҳҳо ба тартиб дароварда шуда, навсозию барқарор шудаанд. Вале ин корро боз ҳам идома додан лозим аст, чунки шоҳроҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии кишвар тақрибан 14,5 километрро ташкил диҳанд. Дар маҷмуъ роҳҳои кишвар 60-65 ҳазор километрро ташкил мекунанд. Роҳҳои мошингард дар кишварҳои куҳсор, мисли Тоҷикистон ин воситаи тақвият бахшидани соҳаҳои хоҷагии қишлоқ мебошанд”, – мегӯяд Каримов.

Аммо, мутаассифона сифати роҳҳо то ҳол ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Мо бояд ба ҳайси Вазири нақлиёт мутахассиси соҳаи роҳсосзиро монем. Фавран моро мебояд дар баробари “асвалтабетон” ба истифодаи “сементабетон” гузарем. Ашёи хом барои семент дар кишвари мо хеле фаровон аст. Дар созишу бунёди роҳҳо бояд аз технологияҳои наву замонавӣ истифода кард”, – тавсия медиҳад Каримов.

Ба ақидаи Бӯрӣ Каримов ин мушкилиҳоро бо иштирок дар лоиҳаҳои калони байналмилаӣ метавон паси сар кард.

“Дар аввал “Роҳи Бузурги Абрешим” ном дошт, ҳоло бошад “Як камарбанд, як роҳ”, бояд кӯшиш кард, ки шохаҳои ҷануби ин роҳ ба воситаи Тоҷикистон гузаранд. Дар дигар кишварҳо меҳмонхонаҳо пур аз гардишгарони хориҷӣ мебошанд, аммо дар мо меҳмонхонаҳо холӣ мебошанд. Агар мо соҳаи нақлиётро хуб ташакул диҳем, соҳаи саёҳӣ албата рушд хоҳад кард”, – тахмин мекунад ӯ.

Ҳамчунин Каримов боварӣ дорад, ки Тоҷикистонро намебояд ба пулакӣ кардани роҳҳо шуруъ кунад.

“Аз аввал ман зиддӣ пулакӣ кардани роҳҳо дар Тоҷикистон будам. Чунки дар баробари пулакӣ бояд роҳи бепул низ вуҷуд дошта бошад. Вақте дар мо роҳи Душанбе – Чаноқро пулакӣ кардан дар баробараш роҳи бепул набуд. Баъдан ман бо омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ бо ин қарор рози шудам, чунки ин роҳ бояд доимо чӣ тобистон ва и зимистон дар истифода қарор дошта бошад ва он вақт барои кишвар ягона роҳи ҳали мушкилот ҳамин буд. Дигар роҳҳои мавҷударо пулакӣ кардан мумкин нест, аммо бе роҳҳои пулакӣ рушд кардан мумкин нест. Вале роҳҳои таёр, бо пули халқу давлат сохта шуда ва махсусан дар замони Шӯравиро ба роҳҳои пулакӣ мубадал додан ин тамоман хатост. Ба касе роҳи пулакӣ лозим аст бигзор роҳи нав бисозад  ва баъд пулакӣ кунад. Набояд аз ҳисоби халқ як нафар ё оила фоида бинаду халос”, – мегӯяд Каримов.

Барои кишварҳои куҳсор роҳҳои автомобилгард ва нақлиёт аз ҳама муҳим мебошанд. Бадбахтона Тоҷикистон то ҳол мошинҳои худӣ истеҳсол нкамекунад.

“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли мошинҳои сабукраву боркаш фикр кунад. Ин корро метавон бо ҳамкорӣ бо ягон ширкати калони хориҷӣ кард, чихеле, ки Узбакистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ мекунанд. Дар бораи сифати автомобилҳои ба Тоҷикистон воридшаванда чунин мегуям: мо мошинҳои куҳна ва фарсударо ба кишвар меорем, ки аз онҳо ба ҳавои ҷазир ва садамаҳои бешумор рӯ ба рӯ мегардем. Барои ҳамин дар ин бора низ аз нуқтаи назари экологӣ ва бехатарӣ бояд ба таври ҷиддӣ фикр кард”, – тавсия медиҳад Каримов.

Ба фикри вай кайҳо вақти он расидааст, ки дар бораи бунёди метро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд андешид. Аввал бояд метрои тагизаминӣ баъдан рӯи заминӣ сохт.

“Сохтани трамвай дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кулоб ба фикри ман на он қадар муфид аст, гарчанде, ки аз нигоҳи экологӣ безарар мебошад. Аммо вақти он расидааст, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд метрои тагизаминӣ бунёд кард, гарчанде, чунин лоиҳаҳо маблағи зиёд талаб мекунанд. Бе метрои тагизаминӣ дар бораи метрои рӯизаминӣ андешидан нашояд. Дар шароити Тоҷикистон ҳарду намуд ҳам сохтан имкон дорад, аммо аввал бояд аз метрои тагизаминӣ оғоз кард”, – афзуд коршиноси соҳа.

Дар ин ҳол Бӯрӣ Каримов бар он аст, ки то ҳадди имкон бояд кӯшиш кард, ки аз дигар кишварҳо қарзи зиёд нагирифт, бе ин ҳам қарзи давлатии Тоҷикистон аз меъёр зиёд аст. Барои бунёди чунин лоиҳаҳои бузург бояд бо истифода аз консепсияҳо ва ҳамкориҳои ташкилоти давлатию хусусӣ сармоягузорони хориҷиро ҷалб намуд.

Мутахассисӣ соҳаи роҳсозӣ бар он аст, ки арзиши 1 километр роҳ дар шароити куҳӣ аз 3 то 6 миллион долларро ташкил мекунад. Бунёди роҳи метро бошад дар шароити куҳӣ 10 баробар аз ин ҳам зиёдтар хароҷотро талаб мекунад. Аммо агар Тоҷикистон барои бунёди НБО “Роғун” маблағ пайдо карда тавонист, шояд барои чунин лоиҳаҳо низ пайдо карда тавонад.

Кайҳо вақти созмони ҷамъияти кулли (диаспора) тоҷикон расидааст

Бӯрӣ Каримов дер боз дар Маскав ба сар мебарад ва омода аст ба ҳамшаҳриҳои худ ва умуман дилхоҳ шахс аз таҷрибаҳои хеш машваратҳои муфид диҳад.

“Чихеле, ки мегӯянд – дар шаҳри дигарон набояд қонуну қоидаҳои худро пеш бурд. Мо мусулмонҳо бояд фарзу суннатамонро дар хона ва ё масҷид бе намоишкорӣ ба ҷо биёрем. Ҳамчунин муҳоҷирон дар Русия бояд ба дӯстону наздикони худ аз ҷои буду боши худ хабар диҳанд. Бо ашхоси алоқаманд бо маводҳои нашъаовар дӯстию рафту омад накунанд. Ба якдигар эҳтиром гузоранд, то ки чунин овозаҳо, “задухӯрд миёни тоҷикон дар фалон бозор ё сохтумон” вуҷуд надошта бошанд. Маҳалгароиро дар Тоҷикистон гузоред, дар Русия бояд фарҳанги баланди миллати тоҷикро нишон дод. Муҳоҷирон бояд як қисмати маблағи коркардаашонро ба падару модар фиристода, қисмати дигарашро баҳри худинкишофдиҳӣ сарф кунанд, агар ба донишгоҳ дохил шуда натавонанд, бигузор ба донишкадаю омӯзишгоҳ дохил шаванд, то ки соҳибкасб бошанд”, – мегӯяд Каримов.

Инмрӯз дар Русия як ҷамъияти кулле, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро фаро гирифта тавонад вуҷуд надорад. Албатта дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калони Русия ҳастан ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аммо ин басанда нест.

“Вақте буд ба ин кор касе аҳамият ҳам намедод. Кайҳо боз мо бояд як ҷамъияти кулле месохтем, ки ҳамаи роҳбарони дигар ҷамъиятҳои тоҷиконро муттаҳид мекард. Дар ин кор ашхосе муносибе лозим аст, ки тавонанд аз ҳақу ҳуқуи шаҳрвандони мо дар Русия ҳимоя карда тавонанд”, – илова кард Бӯрӣ Каримов.

Ба ақидаи Бӯрӣ Каримов ҳоло дар Русия зиёда аз 1 миллион тоҷик зиндагӣ ва кору фаъолият доранд, ва имкони поён рафтани ин ҷараён дар солҳои наздик ба мушоҳида намерасад.

“Мо бояд бо Русия ҳамкориҳои дӯстона дошта бошем ва мустақилона барои шаҳрвандони худ шароит муҳайё кунем. Дар ин бора бояд чӣ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва чи дар дигар мақомоти кишвар донанд”, – илова кард ӯ. 

Источник: sputnik-tj.com