Азнавсозии бозори марказии ноҳия Муъминобод

0
334

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот барои сохтмону азнавсозӣ, ба талаботҳои шаҳрдори мутобиқ намудани намуди зоҳирии бинову иншоотҳо хусусан дар бозорҳо муҳайё намудани шароит мусоид ба соҳибкорон, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ, хизматрасонии хуб ба аҳолӣ, аз ин ҳисоб бо ҷои кор таъмин намудани эҳтиёҷмандон ва беҳтар кардани шароити кории онҳо чораҳои лозимиро андешида истодааст.

Корҳои сохтмониву азнавсозӣ дар бозори марказии ноҳияи Муъминобод-и вилояти Хатлон тибқи ҳисоби пешаки 4 млн сомони мебошад, айни замон корҳои сохтмонӣ  ба 1 млн 073 ҳазор сомони расидааст.