«АЗ ЗОҲИРПАРАСТИВУ ИСРОФКОРӢ ВА МАЪРАКАҲОИ ПУРДАБДАБА ХУДДОРӢ КУНЕД!». Президенти мамлакат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи модар ба занону бонувон бо чунин суханон муроҷиат

0
172

«АЗ ЗОҲИРПАРАСТИВУ ИСРОФКОРӢ ВА МАЪРАКАҲОИ ПУРДАБДАБА ХУДДОРӢ КУНЕД!». Президенти мамлакат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи модар ба занону бонувон бо чунин суханон муроҷиат

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар ба занони кишвар муроҷиат карда, такроран таъкид намуданд, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки мо ду қонуни миллӣ қабул кардем, ки ҳар кадоми он ба паст рафтани шиддати хурофот ва риоя гардидани фарҳангу анъанаҳои мардумӣ мусоидат намуд. Махсусан, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд.

Дар натиҷаи амалӣ шудани ин қонун вазъи иҷтимоии оилаҳо, пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар гардид. Маъракаҳо ба танзим даромада, исрофкорӣ ва хароҷоти дуюмдараҷа аз байн рафт ва дар маъракаҳо тартиботи ягона ҷорӣ шуд.

Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат изҳори таассуф карданд, ки ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, бахусус, бо айби баъзе занон аз оилаҳои мансабдорону хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ходимони дин меъёрҳои танзим халалдор гардида, ҳолатҳои зоҳирпарастиву худнамоӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

«Мутаассифона, имрӯз ҳам ҳастанд шахсоне, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд. Аз ин рӯ, ба занону модарони кишвар такроран таъкид карданиям, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва маъракаҳои пурдабдаба худдорӣ кунанд, талаботи қонунро риоя намоянд ва маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои зоҳирпарастона харҷ мекунанд, барои шароити беҳтари хонадон, оилаҳои ҷавон ва ободии хонаву кошонаи худ сарф намоянд», — муроҷиат намуданд Президенти мамлакат.

 

Источник: khovar.tj