Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводи тиббӣ тақсим карда шуд

0
120

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводи тиббӣ тақсим карда шуд

ДУШАНБЕ, 19.05.2020. /АМИТ «Ховар»/.  18 май аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводи тиббӣ тақсим карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нав  CОVID-19 аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мавод ва  таҷҳизоти тиббӣ ҳамчун кумаки башардӯстона  ворид гардида истодаанд.

Молу мавод  ва таҷҳизоти тиббии мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас карда мешаванд.

Ҳоло масъалаи тақсимоти маводи тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамзамон бо ин мақсад ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки назорати тақсимоти маводи дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Источник: khovar.tj