АЗ НАРАСИДАНИ ОБИ ПОЛЕЗӢ КИШОВАРЗОН ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАНД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора аз ноҳияи Файзобод гузориш медиҳад

0
131

АЗ НАРАСИДАНИ ОБИ ПОЛЕЗӢ КИШОВАРЗОН  ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАНД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора аз ноҳияи  Файзобод гузориш  медиҳад

ФАЙЗОБОД, 23.04.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Бо мақсади таъмини худ ва бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва  самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ сокинони ноҳияи Файзобод аз 822 гектар замини президентӣ ва зиёда аз 2000 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ дар 195 гектари он картошка кишт намудаанд. Дар ин бора сардори шуъбаи омори ноҳияи Файзобод Шодӣ Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сокинони ноҳия дар баробари кишти картошка дар заминҳои президентӣ гандум, зағир, пиёз, помидор, бодиринг, лӯбиё, ҷуворимакка ва дигар намуди сабзавот кишт менамоянд.

Барои мисол, ҳамасола зиёда аз 60 хоҷагии деҳаи Сари чашмаи ҷамоати Ҷавонони ноҳия картошка, пиёз  ва дигар намуди сабзавотро аз ҳисоби заминҳои 8-сотихии президентӣ  захира намуда, як қисми онро дар бозор мефурӯшанд.

Дар ноҳияи Файзобод то имрӯз дар зиёда аз ду ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт шудааст.

Имсол дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1000 гектар картошка кишт менамоянд. Мутаассифона, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Файзобод Эмомиддин Насриддинов бо баҳонаҳои гуногун аз додани маълумот ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нисбат ба иҷрои нақшаҳои кишти  картошка, пиёз  сабзавот,  ғалладонагӣ дар сохтори кишоварзӣ, воридкунии тухмии картошкаи хушсифат ва барқарор накардани боғҳои кӯҳнаи хушкшуда  дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон худдорӣ намуд.

Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А. Назирови Ноҳияи Файзобод дорои 320 гектар заминҳои шартан обӣ мебошад. Роҳбари корхонаи мазкур Иномҷон Шарифов гуфт, ки дар хоҷагӣ 1500 нафар иҷоракор фаъолият менамоянд. Имсол онҳо дар 101 гектар картошка, 47 гектар сабзавот ва дар 85 гектар гандуму ҷав кишт менамоянд. Ҳамчунин 35 гектар боғҳои нав бунёд намуда истодаанд. Аз сабаби он ки заминҳои хоҷагӣ дар истифодаи иҷоракорон қарор доранд, ҳар як иҷоракор аз картошкаи тухмии хушсифати  захиранамудааш дар мавсими кишти баҳорӣ истифода менамояд ва қисме аз онро  ба сокинони ноҳия пешниҳод менамоянд.

Сокинони ноҳияи Файзобод мехоҳанд, ки маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро дар заминҳои президентӣ ва дигар заминҳои корам кишт намуда, барои зимистонгузаронӣ захира намоянд. Вале аз нарасидани оби полезӣ дар фасли тобистон ҳосили дилхоҳашонро гирифта наметавонанд. Аз ин сабаб қисми зиёди заминҳои ноҳияи Файзобод як маротиба кишт мешаванд. Дар фасли тобистон оби дарёи Элок кам гардида, барои об додани заминҳои кишт байни сокинон нофаҳмиҳо пайдо мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои корияшон ба ноҳияи Файзобод барои таъмини заминҳои корам бо оби полезӣ кандани 40 адад чоҳи амудиро супориш дода буданд. Дар сурати пурра ва содиқона иҷро намудани ин супориши Сарвари давлат  мушкилоти  нарасидани оби полезӣ дар ноҳияи Файзобод бартараф мегардад.

АЗ НАРАСИДАНИ ОБИ ПОЛЕЗӢ КИШОВАРЗОН  ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ ГИРИФТА НАМЕТАВОНАНД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора аз ноҳияи  Файзобод гузориш  медиҳад

Источник: khovar.tj