Аз март ба сентябр: бозии футболбозони тоҷик бо тими Ӯзбекистон дар Тошканд доир мешавад

0
92

Аз март ба сентябр: бозии футболбозони тоҷик бо тими Ӯзбекистон дар Тошканд доир мешавад

Бозии рафиқона миёни тими Тоҷикистону Ӯзбекистон мебоист моҳи апрел баргузор шавад. Вале ба далели авҷи маризии коронавирус ин бозӣ ба таъхир афтод

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон доир ба баргузории бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бар хабари котиботи Кумитаи милии олимпӣ, вохӯрӣ  4-уми сентябри соли равон дар Тошканд сурат мегирад.

Қаблан бозӣ миёни мунтахабҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи 31 март ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби пандемияи Covid-19 доир нагашт.

Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қаблан 8 маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Тоҷикистон як ғалаба дорад, дар се дидор ғолиб муайян нашудааст, чор бозӣ ба фоидаи Ӯзбекистон анҷом ёфтааст.

Охирон маротиба мунтахабҳои миллии ду кишвар 15 ноябри соли 2011 дар Тошканд бозӣ карда буданд.

Источник: sputnik-tj.com