Аз 200 таҷҳизоти нафасдиҳӣ то…: Рустами Эмомалӣ ба 4 млн. сомонӣ аз Чин чӣ овард?

0
78

Аз 200 таҷҳизоти нафасдиҳӣ то...: Рустами Эмомалӣ ба 4 млн. сомонӣ аз Чин чӣ овард?

200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород (10L-OX-10A), ки нақши тавлид кардани ҳавои сунъиро дорад ва барои гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 бениҳоят зарур аст, инчунин 100 адад дастгоҳи ларингоскоп ва ғайра ворид гардид

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Имрӯз бо ташаббуси шаҳрдориии Душанбе, махсусан Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади табобат ва муолиҷаи гирфторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин бо маблағи беш аз  се милиону нуҳсад ҳазор сомонӣ лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ дастрас гардид. 

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Онҳо дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захира карда шуданд, гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

“Аз ҷумла, 200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород (10L-OX-10A), ки нақши тавлид кардани ҳавои сунъиро дорад ва барои гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 бениҳоят зарур аст, инчунин 100 адад дастгоҳи ларингоскоп, 160 адад зарфи (баллон) кислороди ғунҷоишаш 40 литр бо таҷҳизоти интиқолдиҳанда ворид шуданд”, – тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз 200 таҷҳизоти нафасдиҳӣ то...: Рустами Эмомалӣ ба 4 млн. сомонӣ аз Чин чӣ овард?Ба муассисаҳои тиббии Душанбе лавозимот ва таҷҳизот тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ дастрас гардид

50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мурратаб ва бо низом ворид намудани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ дастрас  карда шуд, меафзояд дафтари матбуот.

Лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасгардида дар муассисаҳои табобатии Раёсати  тандурустии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.

Источник: sputnik-tj.com