Аз 1 то 4 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

0
153

Аз 1 то 4 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 4 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора ҳаво номусоид мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  1 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кўҳии навоҳии тобеи марказ борон шиддат гирифта, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. 4-5 ноябр ба истиснои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ борону барф меборад.  Дар  минтақаҳои  кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ  шиддати борон  пешбинӣ шудааст.

Инчунин 4-5 ноябр дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа  ва дар водиҳои вилояти Суғд то 10-15 дараҷа дар назар аст. Дар ин рӯзҳо шамол аз самти ғарб бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна  шароити обу ҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, дар ин рӯзҳо ба кӯҳу дашт баромадан хавфнок аст.

Рӯзҳои 2-3 ноябр дар ағбаҳо туман мефарояд.

Источник: khovar.tj