Аввалин сардхона – амбор дар пойтахт

0
187
Аввалин сардхона – амбор дар пойтахт

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки ба бунёди сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигаҳдории меваю сабзавот таваҷҷуҳ дода шавад.
Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ин таъкиди Сарвари давлат диққати ҷиддӣ дода, бо дастури Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ. С. бунёди чунин як сардхонаи ҳозиразамонро барои нигаҳдории 1500 тонна меваю сабзавот дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Ба ин мақсад айни замон 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои анҷоми корҳои сохтмонӣ масраф гардида, ба 360 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот аз Италия ва Эрон харидорӣ шудааст.
Айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот идома дорад.