Авбошии корманди “Амонатбонк” дар ҷои кор: бо қайчӣ ба рӯю пушти ҷавон зад

0
189

Авбошии корманди "Амонатбонк" дар ҷои кор: бо қайчӣ ба рӯю пушти ҷавон зад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи абошӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Яке дар дохили муассисаи “Амонатбонк” рух додааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохила, ҳодисаи якум 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар кӯчаи К. Раҳимови пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки санаи 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар кӯчаи К. Раҳимови пойтахт, марди 25-солаи сокини кӯчаи Саҳбои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагӣ ба панҷаи дасти чапаш 1-маротиба задааст. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди филиали “Амонатбонк”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 31-уми октябри соли 2019, тахминан соати 16:00, дар дохили бинои филиали мазкур, вокеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, аз болои мизи кориаш қайчиро гирифта, ба қисмати рӯй ва пушташ задааст.

“Дар натиҷа, марди зикргардида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, – омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com