ҚАСРИ ЕЛИСЕЙ: Эммануэл Макрон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард

0
10

26 августи соли 2021 дар сомонаи расмии Қасри Елисей (Маъмурияти Президенти Фаронса) интишор шуд.

Суҳбат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷики хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбеи 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии ин кишвар, ки таҷлилаш 9 сентябри соли 2021 дар назар аст, табрик гуфт. Ӯ аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушӣ карда, иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот баён намуд.

Ҳарду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкориҳо ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард. Ӯ меҳмони олиқадрро рӯзи 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Источник: president.tj