Ҳашт нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон омаданд

0
187

Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии худро ба сифати вирусолог барои ташхису табобати Covid-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхису табобати бемории сирояти коронавирус кумаки башардӯстона расонида шуд.  Кумакҳои башардӯстона аз маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ-дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқобҳо, таҷҳизоти тиббии ИВЛ ва  номгӯи доруҳо иборат мебошанд.

Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омадандТавре сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовидон Амиров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, маротибаи  дуввум аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон карда мешавад. Ин кумакҳо барои табобати беморони каронавирус равона карда шудаанд.

«Инчунин 8 нафар вирусологе, ки аз ҷумҳурии ҳамсоя  ба мамлакати мо барои ташхису табобати беморони каронавирус омадаанд, метавонанд кори табибони моро осон намоянд»-гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал 9 апрели соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус 18 вагон кумаки башардӯстона расонида шуд, ки он аз орд ва маводи безараргардонӣ иборат буд.

Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд Ҳашт  нафар вирусологҳо барои ташхису табобати Covid-19 ба Тоҷикистон  омаданд

Источник: khovar.tj