Ашраф Ғанӣ дар интихоботи президентии Афғонистон пирӯз шуд

0
210

Ашраф Ғанӣ дар интихоботи президентии Афғонистон пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 23.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Президенти амалкунандаи  Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар интихоботи президентие, ки  охири моҳи сентябр дар мамлакат баргузор шуд, бо натиҷаи 50,64%-и овозҳо  пешсаф аст. Дар ин бора рӯзи якшанбе роҳбари Комиссияи мустақили интихобот (КМИ) Ҳаво Олам Нуристонӣ, ки натиҷаҳои  пешакии интихоботро эълон намуд, хабар дод. Ин суханони ӯро шабакаи телевизионии Tolo News иқтибос меорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ҷойи дуюмро бо 39,52%-и овозҳо сарвазири мамлакат Абдулло Абдулло ишғол намуд, баъди ӯ  сарвазири собиқ ва роҳбари собиқи муҷоҳиддини афғон Гулбиддини Ҳикматёр бо 3,85% овозҳо қарор дорад. Аввали моҳи декабр Ҳикматёр бо даъват барои аз нав ҳисоб кардани  овозҳо дар интихоботи президентӣ,  ки гӯё ҳангоми ҳисобкунии онҳо халал ворид гардидааст, ибрози назар кард.

Номзадҳое, ки дар интихоботи президентии Афғонистон ширкат кардаанд, метавонанд давоми се рӯз оид ба натиҷаҳои қаблии овоздиҳӣ эътироз баён намоянд.

«Номзадҳо барои ба қайд гирифтани дилхоҳ арзу шикоят (доир ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ), агар чунин ҳолатҳо вуҷуд дошта бошанд,  72 соат дар ихтиёр доранд»,-гуфт раиси КМИ –и Афғонистон. Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки дар овоздиҳӣ 1,9 миллион нафар раъйдиҳандагон ширкат намудаанд.

28 сентябр дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Қаблан,   натиҷаҳои пешакии интихобот  бояд 19 октябр эълон мешуданд. Аммо, баъдан раиси  КМИ  Ҳаво  Олам Нуристонӣ  таъхир ёфтани онро эълон кард.

ДАР АКС: Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. © AP Photo/Matt Dunham

Источник: khovar.tj