Ҷашнҳои рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
151

Ҷашнҳои рӯзи 29 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту нуҳуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии рақс ва Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ мебошад

Рӯзи 29 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ ба намоиш дода шуд.

Рӯзи 29 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

Соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.

Соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Соли 2014  дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.

Соли 2015 Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон  дар  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБВ воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва  ифтитоҳ гардид, дидан  намуд.

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.

Соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

Соли 2016 дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 апрел

  • Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.
  • Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.

Источник: sputnik-tj.com