Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
116

Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи бисту ҳафтуми июнро – чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Дар ҳамин рӯз соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид

Рӯзи 27 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1693 дар Лондон аввалин рӯзнома барои занон нашр шудааст.

Соли 1816 дар Петербург (Россия) аввалин биржаи русҳо ташкил карда шудааст.

Соли 1930 ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Канада таъсис дода шудааст.

Соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун «Дар бораи ақди никоҳ» ба тасвиб расидааст.

Соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.

Соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2000 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имтиёзи якумраи иҷтимоӣ ба даст овард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
©
Sputnik / Алексей НикольскийНурсултан Назарбаев, архивное фото

Рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
©
Sputnik / Александр МакаровВстреча Председателя Правительства Российской Федерации Виктора Степановича Черномырдина с Президентом Республики Таджикистан Эмомали Шариповичем Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Нуриддиновичем Саидовым (Абдулло Нуриддинович Саидов). Слева направо: Э. Рахмонов, спецпредставитель ООН в Таджикистане Дитрех Меррем и А. Саидов. 1997 год

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастҷамъона баргузор гардида буд.  Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори  Сарвари давлат ба таври дастҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногун шинос шуда, бо фаъолони ин соҳаи вилоят машварати корӣ  доир намуданд.

Соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 27 июн

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
  • Дар саросари ҷаҳон — Рӯзи моҳигирон.
  • Дар Ҷибути — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ӯзбекистон – Рӯзи кормандони  матбуот.
  • Дар Русия — Рӯзи ҷавонон

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз идҳои асосии давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад

Иди Ваҳдати миллӣ тибқи фармони президенти Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Чун ин ҷашн дар Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин рӯ бо қарори парлумони миллӣ он ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

Ваҳдати миллӣ аз хотима ёфтани ҷанги хунини шаҳрвандӣ (1992-1997), ки тӯли панҷ сол давом ёфт, дарак медиҳад.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиро муқаррар намуд.

Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази  чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.

Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Ҷашнҳои рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
©
Sputnik / Александр МакаровВстреча Председателя Правительства РФ Виктора Черномырдина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Саидовым

Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли”-ро ба имзо расониданд.

Ин ҳуҷҷати муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард. Ҷанги шаҳрвандие, ки панҷ сол давом кард, боис ба ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар гардид. 

Миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуда, мӯҳтоҷи кумаки дигар кишварҳо гардиданд. Тибқи маълумоти мухталиф, хисороти молие, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон оварда буд, ба 7 миллиард доллари амрикоӣ баробар аст.

Рӯзи 27 июн кӣ ба дунё омадааст

Соли 1895 — Ирина Одоевтсева (даргузашт 1990), шоираи рус.

Соли 1940 — Борис Хмелнитский (даргузашт 2008), щунарманди театр ва кино, щунарманди мардумии Русия.

Соли 1966 – Виктор Дробиш, композитор ва коргардони мусиқӣ, ҳунарманди хизматнишондодаи Русия.

Рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1959 – доктор медицинских наук, профессор Нигина Шарофова.

Рӯзи 27 июн кӣ даргузашт

Соли 1831 – Софи Жермен (соли таваллуд 1776), математик ва механики фаронсавӣ.

Соли 2001 – Туве Янссон (соли таваллуд. 1914), шоираи финӣ.

Источник: sputnik-tj.com