Қарори Додгоҳи Олӣ: соҳиби бозори “Панҷшанбе” баъди 20 сол иваз шуд

0
6

Қарори Додгоҳи Олӣ: соҳиби бозори "Панҷшанбе" баъди 20 сол иваз шуд

Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд мегуяд, бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд пурра ба ихтиёри Иттифоқи “Тоҷикматлубот” гузаронида шудааст

 ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Муҳаммадӣ Мирзоев, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд гуфт, дар бораи ба тавозуни “Тоҷикматлубот” гузаронидани бозори “Панҷшанбе” қарори Суди олии иқтисодӣ содир шудааст.

Ба иттилоъи ин масъули Хадамоти иҷро, ҳалномаи судӣ оиди ба моликияти Тоҷикиматлубот гузаронидани “Панҷшанбе” аз ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Фортуна” моҳи августи соли 2020 қабул гардидааст.

“25 августи соли 2020 иҷроиши талаботи санади судии мазкур дар ин қисм пурра ба иҷро расонида шуда, бозори “Панҷшанбе” пурра ба ихтиёрдории Иттифоқи “Тоҷикиматлубот” баргардонида шуд”, – гуфт Мирзоев.

Бозори марказии шаҳри Хуҷанд – “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардид ва аз сӯи ширкати “Фортуна” хусусӣ шуда буд.

“Панҷшанбе” яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, ки дар ду ошёнаи он ба гуфтаи масъулин 1280 соҳибкор фаъолият мекунад. Баъд аз солҳои 90-ум ҳоли аксар бозорҳои марказӣ дар шаҳру навоҳии кишвар абгор шуда, назорати фаъолияти онҳоро ширкатҳои хусусӣ ба зимма гирифтанд.

Ҳудуди 20 сол “Фортуна”, масъулияти таъмир ва нигоҳубини “Панҷшанбе”-ро бар уҳда дошт. Ин масъули Хадаоти иҷро ҳамчунин тавзеҳ дод, ки ба асоси ҳалномаи судӣ, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар навбати худ муваззаф шуд, ки ҳудуди 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба соҳиби қаблии бозор, ба ҷамъияти “Фортуна” супорад.

“Оиди рӯёнидани маблағ ягон мушкилӣ дида намешавад ва ҷамъияти “Фартуна” ба унвонии суд то имрӯз муроҷиат накардааст”,-  қайд кард иҷрочии суд.

Источник: sputnik-tj.com