Қарордоди Тоҷикистону Русия ҳукми қонунӣ гирифт

0
104

Қарордоди Тоҷикистону Русия ҳукми қонунӣ гирифт

Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳо байнидавлатиро дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади шинос намудани шаҳрвандон бо дастовардҳои илмӣ, иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, фарҳангу табиат ва манзараҳо густариш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қарордоди Тоҷикистону Русия дар мавриди густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, ки апрели соли равон ба имзо расида буд, ҳамакнун ҳукми қонунӣ гирифт.

Дар матни қарордод гуфта шудаст, ки Тоҷикистону Русия, ба хотири ошно намудани шаҳрвандон бо дастовардҳо дар соҳаи илму иҷтисод, фарҳангу табиат ва ҳамзамон муҷассамаҳои таърихӣ ва анъанаҳои қадимии мардум, бахши туризмро густариш медиҳанд.

Гузашта аз ин ҷонибҳо, барои тарғиби хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ ба монанди Роҳи абрешим ва дигарҳо, тавассути конфронсу форумҳо ва семинару намоишгоҳҳо мусоидат хоҳанд кард.

Қайд мегардад, ки масъулияти иҷрои ин созишнома ба зиммаи Агентии федеролии сайёҳии Русия ва Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон вогузор гардидааст.

Ин қарордод ба мӯҳлати 5 сол баста мешавад ва ба таври худкор ба муддати панҷ соли минбаъда тамдид карда мешавад, агар ягон тараф тарафи дигарро дар шакли хаттӣ дар бораи нияти қатъ кардани он огоҳ накунад.

Источник: sputnik-tj.com