Ҷаримабандӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Муҳофизони табиат дар Хатлон 1419 ҳолати қонуншиканиро ошкор карданд

0
177

Ҷаримабандӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Муҳофизони табиат дар Хатлон  1419 ҳолати  қонуншиканиро ошкор карданд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли равон 1419 ҳолати  қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Аз ҷумла, дар давраи зикршуда дар вилоят 170 нафар ба буриши худсаронаи дарахтон даст зада, дар маҷмӯъ 42000 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҳарчанд  бо афзоиши истеҳсоли ангишт ва барҳамхӯрии маҳдудияти неруи барқ дар вилоят  нисбат ба солҳои пеш буриши  худсаронаи  дарахтон кам гардида бошад ҳам, боиси таассуф аст, ки  ин ҳолат ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.

Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саъю талош менамоянд, ки барномаҳои давлатӣ, консепсияи соҳавӣ ва уҳдадориҳои хизматиашонро сари вақт ва босифат анҷом диҳанд.

Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъулини соҳа бо мақсади баланд бардоштани  маърифати экологии аҳолии  вилоят  то моҳи октябри соли равон 1926  мулоқоту суҳбат гузаронда, моҳияти сиёсати давлатии экологиро ба мардум фаҳмонданд.

Аммо  сарфи назар аз чунин иқдомоти Раёсати мазкур қонуншиканиҳои бемаврид- шикор намудани моҳӣ ва ҳайвонот, ифлоскунии ҳавою манбаъҳои обӣ, аз ҷойҳои мамнӯъ истифода бурдани шағалу қум, эмин нигоҳ надоштани  замин аз ҳар гуна партову заҳрхимикатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтаанд.

Тавре муовини сардори  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҳабибулло Қодиров  зимни суҳбат иброз дошт, бо мақсади вусъати корҳои ободониву созандагӣ  дар самти озода нигоҳ доштани муҳити зист, соҳили ҷӯю каналҳо, роҳраву дигар  мавзеъҳои фарҳангӣ, нашъунамои хуби дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои атроф корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд.

То имрӯз аз ҷониби масъулини соҳа 762  санҷиш доир гардида, дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳа нисбат ба қонуншиканҳо  тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

«Мутаассифона, ҷаримабандӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Вазифаи ниҳоди мо  танҳо ошкор намудани қонуншиканиҳо набуда, балки пешгирии он тавассути баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа низ мебошад. Моро зарур меояд, ки баҳри боло бардоштани маърифати экологии мардум талош варзем.  Алҳол бо мақсади таҳкими ҳифзи муҳити зист як зумра барномаҳои судманд мавриди амал қарор доранд», — афзуд Ҳабибулло Қодиров.

Источник: khovar.tj