Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли “Комсомол”: ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

0
77

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли “Комсомол” – и деҳаи Туғмазори вилояти Хатлон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як кӯдаки 12-солаи деҳаи Туғмазор – 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли “Комсомол” аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 17:20 дақиқа ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба хешовандонаш супориданд.

Ногуфта намонад, ки ин аввалин ҳодисаи марги ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар соли 2020 аст.

КҲФ мегӯяд, беназорат гузоштани кӯдакон ҳамеша сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад.

Кумитаи аз волидону пайвандон даъват мекунад, ки ҳатман нозири ҷигарбандони худ бошанд.

Источник: sputnik-tj.com