ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

0
269

ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар Душанбе намоиш-фурӯши навбатии китоб доир намуд. Дар толори даромадгоҳи бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта шуда буд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода (ДАР АКС) иштирок намуд.

Дар намоиш-фурӯши китоб, ки аз соати 8-и субҳ то 13-и зуҳр идома ёфт, ба ҳаводорон 250 номгӯй китоб пешниҳод гардид. Аксари ин китобҳоро осори адабиёти классик ва муосири тоҷику форс, ба мисли Рӯдакӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Сайидо, Соиб, Айнӣ, Лоиқ, Гулрухсор, Баҳманёр ва дигарон ташкил медоданд.

Аз адабиёти ҷаҳонӣ асарҳои А. Гоше – «Ишқи Анжелика», Г. Тютюник – «Климко», И. В. Гёте – «Девони Ғарбу Шарқ», Р. Ғамзатов – «Доғистони ман», Абулкаломи Озод – «Куруши Кабир – Зулқарнайн» ва дигарон ба маъраз гузошта шуда буданд.

Нархи китобҳо дар муқоиса бо мағозаҳои китобфурӯшӣ хеле арзон буд. Барои мисол, се ҷилди «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ 45 сомонӣ (ҳар яке 15 сомонӣ) ба фурӯш гузошта шуд, ҳол он ки дар мағозаҳои китобфурӯшӣ 60 сомонӣ арзиш доранд.  Ё як ҷилди силсилакитоби «Ахтарони адаб», ки осори классикии адабиёти тоҷику форс, аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро дар бар мегирад, бо нархи аз 15 то 20 сомонӣ фурӯхта шуд.

ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

ДАР АКС: директори МД «Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар

Ба гуфтаи яке аз ташаббускорони асосии намоиш-фурӯши китоб, директори нашриёти «Адиб, шоир ва публисист Давлат Сафар чунин ҳангомаи гарми китобро таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд надорад. «Ин иқдоми беназире буд, ки дар 5 соат беш аз 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд», — гуфт ӯ.

Бино ба иттилои ӯ, аксарияти китобҳо дар нашриёти «Адиб», «Адабиёти бачагона» ва «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба табъ расидаанд.

Мухбири АМИТ «Ховар», ки дар намоиш-фурӯш ҳузур дошт, аз шумораи зиёди харидорони хурду калони китобҳо дар ҳайрат буд: олимон, нависандагон, шоирон, хизматчиёни давлатӣ, дипломатҳо, низомиён, мактаббачагон ва шаҳрвандони одии пойтахт барои харидани китоб омада буданд.

ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

ДАР АКС: яке аз иштирокдорони намоиш-фурӯш

Дар толори даромадгоҳи бинои театр, ба қавле «ҷои сӯзанзанӣ набуд». Барои харидории «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ё «Куллиёт»-и Лоиқ Шералӣ қариб буд харидорон бо фурӯшандаҳо дастбагиребон шаванд. Ташкилкунандагон се навбат барои мизоҷон аз анбори нашриёти «Адиб» китоб оварданд.

«Ёдам омад, ки чӣ тавр одамон солҳои 1991-1992 дар назди Корхонаи нонпазии шаҳри Душанбе барои нон навбатпоӣ мекарданд»,-афзуд директори нашриёти «Адиб». — Имрӯз мояи хушнудист, ки ҳоло мардум на барои нон, балки барои китоб навбат меистанд. Ин як иди воқеист …».

Яке аз вижагиҳои дигари ин намоиш-фурӯш иштироки адибони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Гулрухсор, Кароматулло Мирзо, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон буд, ки худи онҳо низ аз анбӯҳи мардуми китобхар, аз он ки пиру барно рӯ ба китоб овардаанду барои харидани китоб талош мекунанд, дар ҳайрат буданд. Онҳо бо камоли майл ба китобҳои харидаи мухлисони худ соядаст мегузоштанд ва мардум ҳам имкони суҳбати рӯбарӯ бо онҳоро доштанд.

«Ман фикр мекунам, ҳар қадар ки мардуми мо адабиёти худро балад бошанд, ҳамон қадар худшиносии миллии худро қавӣ месозанд»,-мегӯяд Давлат Сафар.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли гузашта зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад, — иброз доштанд Сарвари давлат. —  Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».

ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

ҲАНГОМАИ КИТОБ! Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

ДАР АКС: китобҳое, ки дар намоиш-фурӯш дар Душанбе 1 феврал ба маъраз гузошта шуданд.

 

Источник: khovar.tj