Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

0
117

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 феврали соли 2021
№АП-44

 

 

Замимаи 1

ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,

№АП- 44

 

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Илм-фурӯғи маърифат»

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.

2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

– математика (арифметика, алгебра, геометрия);

– физика ва астрономия;

– химия;

– биология (ботаника, зоология, анатомия);

– география;     

– технологияи иттилоотӣ;

– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

 

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

4. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

6. Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ «Ховар», нашрияҳои давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

 

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» комиссия таъсис дода мешавад.

10. Ваколати комиссияи озмун:

– таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;

– тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;

– пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун;

– гузаронидани семинари машваратӣ барои ҳайати ҳакамон;     

– назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;

– омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;

– баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;

-тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.

 

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

– даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

– даври дуюм – моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

– даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;

– даври чорум – даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25-уми ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.

12. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

13. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.

15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд.

 16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 10-уми моҳи ноябр муқаррар карда мешавад.

 17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.

18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми озмун мебошанд.

 

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

19. Дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

20. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд:

– тарҷумаи ҳол;

– маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;

– маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).

22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суроға ва ҷойи баргузории озмунро барои довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.

23. Барандаи Шоҳҷоиза ва шахсоне, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, то се сол ҳуқуқи ширкат дар озмунро надоранд.

24. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;

– нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;

– номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;

– пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;

– протоколи даври сеюми озмун.

 

6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

26. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.

 

7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои озмун дар шакли зерин сурат мегирад:

– дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

– дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар химия 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

– дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;

– дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.

28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 10-хола муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

– барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол, барои ҷавоби заиф – 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;

– барои ихтироъкорон 10 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ) – и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардида, дар он элементҳои навоварӣ мавҷуд бошад. Баҳои 8 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. 6 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, 4 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надорад, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда 2 хол дода мешавад;

– барои ҷавоби пурра додан ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, – 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд – 6 хол, барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома – 4 хол, барои ҷавобҳо танҳо ба саволҳои назариявӣ – 2 хол дода мешавад.

 

8. ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ВА ҲАКАМОНИ ОЗМУН

29. Ҳайати комиссия бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян месозад.

30. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд ва онҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:

– тибқи пешниҳоди комиссияи озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;

– холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;

– натиҷаи озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.

31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.

32. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.

33. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад.

34. Комиссия натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. 

 

9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

35. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

36. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи ҷумҳуриявии озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.

 

10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

37. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.

38. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

39. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро дар даврҳои якум, дуюм ва сеюм тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

40. Ба ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

 41. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

42. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

­­­43. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.

44. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

45. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мегарданд.

 

11. ИМТИЁЗҲО

46. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони давраи чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот муайян менамояд.

47. Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.

 

 

 Замимаи 2
 ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
 №АП-44

Ҳайати
комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)- раиси комиссияи озмун;

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи озмун;

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ; 

Аъзои комиссия:

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти химияи ба номи И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти ботаника, генетика ва физиологияи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Декани факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

 

 

 Замимаи 3
 ба амри Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 11 феврали соли 2021,
№ АП – 44

 

Ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

         Барои ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин давраи озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, ҷоиза ва мукофоти зерин аз рӯйи 3 гурӯҳ ва ҳафт номинатсия муқаррар карда мешаванд:

  • Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
  •  

    Маблағ барои як номинатсия

    Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

    (бо сомонӣ) Маблағи умумӣ

    Номинатсияи математика

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи физика

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи химия

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи биология

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

     

    Номинатсияи география

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

  • Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти
  • ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

     

    Маблағ барои як номинатсия

    Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

     

    Маблағи умумӣ

    Номинатсияи математика

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи физика

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи химия

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

     

     

    Номинатсияи биология

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи география

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи технологияи компютерӣ

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

    Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

     

  • Дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун
  •  

    Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

    1

    Ҷойи якум

    35 000

    1

    35 000

    2

    Ҷойи дуюм

    25 000

    2

    50 000

    3

    Ҷойи сеюм

    15 000

    2

    30 000

     Ҳамагӣ

    5

    115 000

  • Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон
  •  

    Маблағ барои як номинатсия

    Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

     

    Маблағи умумӣ

     

     

    70 000

    1

  • 000
  •  

     

     

     

  • Омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
  •  

    Маблағ барои як номинатсия

    Шумораи ҷоизагирандагон (нафар)

    Маблағи умумӣ(бо сомонӣ)

    Номинатсияи математика

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

    Номинатсияи физика

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

    Номинатсияи химия

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

    Номинатсияи биология

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

    Номинатсияи география

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

    Номинатсияи технологияи иттилоотӣ

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

    50 000

     

     

    Номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ

    1

    Ҷойи якум

    10 000

    1

    10 000

    2

    Ҷойи дуюм

    10 000

    2

    20 000

    3

    Ҷойи сеюм

    10 000

    2

    20 000

     Ҳамагӣ

    5

     50 000

     

    6. Хароҷоти иловагӣ

     

     

     

    Маблағи умумӣ

    1

    Омода кардани ҷоми шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар

     

     

    200 000

     

    Эзоҳ:

             – хароҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Маблаuи мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;

             – мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пардохти андозҳо пешбинӣ шудааст;

             – иштирокчиёни даври чорум бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

     

     

     

     

     

     Замимаи 4
    ба амри Президенти
     Ҷумҳурии Тоҷикистон
     аз 11 феврали соли 2021,
    № АП – 44

     

     

    Рӯйхати адабиётҳои тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмун
    (илова ба китобҳои дарсии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида)

     

  • Аброров, Ҳ. Зарафшони кӯҳӣ [Матн] / Ҳ. Аброров. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 96 с.
  • Аброров, Ҳ. Тоҷикистон–кишвари кӯлҳои беназир [Матн] /
    Ҳ. Аброров. – Душанбе: Деваштич, 2003. – 195 с.
  • Арнольд, В.И. «Задачи для детей от 5 то 15 лет» [Текст] / В.И.Арнольд.
  • Архипов, Г.И. «Лекции по математическому анализу» [Текст] / Г.И. Архипов, В.А. Садовничий, В.М. Чубариков. – М.,1999.
  • Атлас Таджикской ССР [Текст]. – Душанбе-М.: Изд-во ГУГК СССР, 1968. – 198 с.
  • Бакулин, П.И. Курс общей астрономии [Текст] / П.И.Бакулин, Э.В. Кононович, В.И. Мороз.
  • Баратов, Р.Б. Каменное чудо Таджкистана [Текст] / Р.Б.Баратов, В.П.Новиков. – Душанбе, Ирфон, 1988. – 216 с.
  • Будруджак, П. Задачи по химии [Текст] / П.Будруджак. – 2017.
  • Виноградов, И.М. «Основы теории чисел» [Текст]: Учебник / И.М. 2001.
  •  Волькенштейн, В.С. Сборник задач по общему курсу физики [Текст] / В.С. Волькенштейн.
  •  Воронцов-Вельяминов Б.А. Астрономия. 11 класс [Текст] / Б.А. Воронцов-Вельяминов, Страут Е.К.
  •  Воронцов-Вельяминов, Б.А. Сборник задач по астрономии [Текст] / Б.А.Воронцов-Вельяминов.
  •  Глинка, Л.Н. Общая и неорганическая химия [Текст]: Учебное пособие / Л.Н.Глинка. – М.: КноРус, 2014.
  •  Гмурман, В.Е. «Руководство к решению задач по теории вероятностей и математической статистике» [Текст] / В.Е. Гмурман. – 1999. – 400 с.
  •  Гмурман, В.Е. «Теория вероятностей и математическая статистика» [Текст] / В.Е.Гмурман. – 2003.
  •  Гнеденко, Б.П. «Курс теории вероятностей» [Текст] / Б.П.Гнеденко. – М.: Наука, 1998.
  •  Гольдфарб, Я.Л. Сборник задач и упражнений по химии [Текст] / Я.Л.Гольфарб, Ю.В.Ходаков. – 2019.
  •  Гринвуд, Н.Н. Химия элементов [Текст] / Н.Н.Гривуд, А.Эрншо.
  •  Дагаев, М.М. Сборник задач по астрономии [Текст] / М.М.Дагаев.
  •  Даффет-Смит, П. Практическая астрономия с калькулятором [Текст] / П.Даффет-Смит.
  •  Демидович, Б.П. «Сборник задач и упражнений по математическому анализу» [Текст] / Б.П. Демидович. – 1997.
  •  Еремин, В.В. Теоретическая и математическая химия [Текст] / В.В.Еремин.
  •  Зыков, А.Г. «Математическая логика» [Текст] / А.Г.Зыков, В.И.Поляков, В.И. Скорубский. – СПб: НИУ ИТМО, 2013. – 131 с.
  •  Иброҳимов, Х. Ҳалли масъалаҳо аз химия [Матн] / Х.Иброҳимов. Душанбе: Ирфон, 2018.
  •  Ильин, В.А. «Аналитическая геометрия» [Текст] / В.А. Ильин, Позняк Е.Г. – 2004.
  •  Иродов, И.Е. Задачи по общей физике [Текст] / Е.И.Иродов.
  •  Канель-Белов, А.Я. «Как решают нестандартной задачи» [Текст] / А.Я.Канель-Белов, А.К.Ковальджи. – М., 2008.
  •  Касаткина, И.Л. Задачи по физике [Текст] / И.Л. Касаткина.
  •  Кеммерих, А.О. Гидрография Памира и Памиро-Алая [Текст] / А.О.Кеммерих. – М.: Мысль, 1978. – 220 с.
  •  Клайден, Дж. Органическая химия [Текст] / Дж.Клайден, Н.Гривз, С.Уоррен и др.
  •  Клетеник, Д.В. «Сборник задач по аналитической геометрии» [Текст] / Д.В. Клетеник. – 1998.
  •  Кобилов, Н. Намунаи ҳалли масъалаҳо аз химия [Матн] / Н.Кобилов. – Душанбе, 1995.
  •  Колмогоров, А.Н. «Элементы теории функций и функционального анализа» [Текст]: Учебник / А.Н. Колмогоров, С.В. Фомин. – 2007.
  •  Курош, А.Г. «Курс высшей алгебре» [Текст]: Учебник / А.Г.Курош. –1975.
  •  Қодиров, Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ватабиӣ [Матн] / Ф.С.Қодиров. – Душанбе, 2012. – 20 с.
  •  Лаврентьев, М.А. «Методы теории функций комплексного переменного» [Текст] /М.А.Лаврентьев, Б.В. Шабат. – 2005.
  •  Лавров, И.А. «Задачи по теории множеств, математической логике и теории алгоритмов» [Текст] / И.А.Лавров, Л.Л.Максимова. – 1984.
  •  Ландсберг, Г.С. Элементарный учебник физики [Текст]: В 3-х томах.
  •  Лукашик, В.И. Сборник задач по физике 7-9 классы [Текст] / В.И. Лукашик, Е.В.Иванова.
  •  Мартынов, Д.Я. Курс общей астрофизики [Текст] / Д.Я.Мартынов.
  •  Мусоев, З. Ледники Таджикистана [Текст] / З.Мусоев, Н.Дилмуродов. – Душанбе, 1994. – 186 с.
  •  Мухаббатов, Х.М. Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики [Текст] / Х.М.Мухаббатов, Н.Х.Хоналиев. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 241 с.
  •  Мухаббатов, Х.М. Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана [Текст] / Х.М.Мухаббатов. – М.: Граница, 1999. – 335 с.
  • Муҳаббатов, Х. Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи Тоҷикистон [Матн] / Х.Муҳаббатов, А.Ниёзов. – Душанбе: Контраст, 2017. – 210 с.
  •  Муҳаббатов, Х.М Афзоиши аҳолӣ ва захираҳои зиндагӣ [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1975.
  •  Муҳаббатов, Х.М. Ганҷинаи табиати Тоҷикистон [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 106 с.
  •  Муҳаббатов, Х.М. Инсонва табиат [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1984.
  •  Муҳаббатов, Х.М. Об–манбаи ҳаёт [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 146 с.
  •  Муҳаббатов, Х.М. Табиат гаҳвораи инсон [Матн] / Х.М.Муҳаббатов. – Душанбе: Адиб, 2018. – 319 с.
  •  Николаенко, В.К. Решение задач повышенной сложности по общей и неорганической химии [Текст] / В.К.Николаенко.
  •  Очан, Ю.С. «Сборник задач по математическому анализу: Общая теория множеств и функций» [Текст] / С.Ю.Очаг. – 2006.
  •  Очилов, Ҳ. КӯлҳоиТоҷикистон [Матн] / Ҳ.Очилов, Ҳ.АброровҲ. – Хуҷанд, 1995. – 64 с.
  •  Очилов, Ҳ. Об–ҳаёт аст [Матн] / Ҳ.Очилов, Ҳ.Аброров. – Хуҷанд, 2003. – 190 с.
  •  Перышкин, А.В. Сборник задач по физике. 7-9 классы [Текст] / А.В. Перышкин.
  •  Постнов, К.А. Курс общей астрофизики [Текст] / К.А. Постнов, А.В. Засов.
  •  Привалов, И.И. «Введение в теорию функций комплексного переменного» [Текст]: Учебник / И.И.Привалов. – 2005.
  •  Проскуряков, И.В. «Сборник задач по линейной алгебре» [Текст] / И.В. Проскуряков. – 2005.
  • Просолов, В.В. «Задачи по алгебре, арифметике и анализу» [Текст] / В.В.Проссолов. – 2004.
  •  Просолов, В.В. «Задачи по планиметрии [Текст] / В.В.Просолов. – 2004.
  •  Раҳимӣ Ф. Намунаи супоришҳои тестӣ (аз фанни физика) [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Бобоев Т.Б., Истамов Ф., Мирзоаминов Х. – Душанбе, ДМТ, 2014. – 340 с.
  •  Раҳимӣ, Ф. Об, илм ва рушди устувор [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Х.Муҳаббатов, А.Ниёзов, Ҳ.Аброров. – Душанбе: Дониш, 2018. – 430 с.
  • Раҳимӣ Ф. Физика (барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ) [Матн] / Ф.Раҳимӣ, Т.Бобоев, Хоҷазода Т., Д.Солеҳ., Ф.Истамов – Душанбе, ДМТ, 2020ю – 469 с.
  •  Реутов, О.А. Органическая химия [Текст] / О.А.Реутов, А.Л.Курц, К.П.Бутин.
  •  Рымкевич, А.П. Сборник задач по физике для 9-11 классов средней школы [Текст] / А.П.Рымкевич.
  •  Савельев, И.В. Курс общей физики [Текст]: В 3-х томах / И.В. Савельев.
  •  Сапожников, Г.Н. ЗаказникиТаджикистана [Текст] / Г.Н.Сапожников, Х.М.Мухаббатов. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 160 с.
  •  Свитанько, И.В. Нестандартные задачи по химии [Текст] / И.В.Свитанько. – 2017.
  •  Свитанько, И.В. Олимпиадные задачи по химии [Текст]: Учебное пособие для подготовки к олимпиадам школьников по химии / И.В.Свитанько, В.В.Кисин, С.С.Чуранов. – М., 2017.
  •  Сорокин, В.В. Задачи химических олимпиад. Принципы и алгоритмы решений [Текст] / ВВ.Сорокин, В.В.Загорский, И.В.Свитанько.
  •  Спивак, А.В. «Математический кружок». 7 класс [Текст] / А.В. Спивак.
  •  Спивак, А.В. «Математический кружок». 6-7 класс [Текст] /А.В. Спивак. – 2003.
  •  Степанов, В.В. «Курс дифференциальных уравнений» [Текст]: Учебник / В.В. Степанов. – 2004.
  •  «Сборник задач по математике для поступающих во ВТУЗы» [Текст] / Под ред.: М.И.Сканави. – 6-е изд. – 2013.
  •  «Сборник задач по элементарной математике» [Текст]: Пособие для самообразования / М.П.Антонов, М.Я.Выгодский, В.В. Никитин, А.И.Санкин.
  •  Таджикистан: природа и природные ресурсы [Текст]. – Душанбе: Дониш, 1982. – 600 с.
  •  Тахиров, И.Г. Водные ресурсы Республики Таджикистан [Текст] / И.Г.Тахиров, Г.Д.Купайи. – Душанбе: НПИЦентр, 1994. – Кн.1. – 130 с. – 1998. – Кн.2. – 120 с.
  •  Третьяков, Ю.Д. Неорганическая химия. В 3 томах. [Текст] / Ю.Д.Третьяков.
  •  Фаддеев, Д.К. «Сборник задач по высшей алгебре» [Текст] / Д.К. Фадеев, И.С.Соминский. – 2003.
  •  Фейнмановские лекции по физике.
  •  Филиппов, А.Ф. «Сборник задач по дифференциальным уравнениям» [Текст] / А.Ф. Филиппов. – 2000.
  •  Фриш, С.Э. Курс общей физики [Текст]: В 3-х тт. / С.Э.Фриш, А.В. Тиморева (ба тоҷикӣ тарҷума шудааст).
  •  Хомченко, И.Г. Сборник задач и упражнений по химии [Текст] / И.Г.Хомченко. – М.: Новая волна, 2002.
  •  Ҳакимов, Н.Қ. Геодезия [Матн] / Н.Қ.Ҳакимов, М.Н.Ҳакимов. – Душанбе, 2016. – 136 с.
  •  Ченцов, Н.Н. «Избранное задачи и теоремы элементарной математики Арифметика и алгебра» [Текст] / Н.Н. Ченцов, Д.О. Шклярский, И.М. Яглом. – 1976.
  •  Ченцов, Н.Н. «Избранное задачи и теоремы элементарной математики. Геометрия (Стереометра I).» [Текст] / Н.Н. Ченцов, Д.О. Шклярский, И.М. Яглом. – 1976.
  •  Ҷӯраев, Қ. Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон [Матн] / Қ.Ҷӯраев. – Душанбе, 1971.
  •  Шульц, В.Л. Реки Средней Азии [Текст] / В.Л.Шульц. – Ленинград: Гидрометеоиздат, 1963. –301 с.
  •  

     Эзоҳ: Сарчашмаҳои иловагӣ дар сомонаи интернетии www.ravshanfikr.tj ҷой дода мешаванд.

    Источник: president.tj