ҲАМОВОЗИИ БЕСОБИҚАИ ҲАМВАТАНОН БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони соҳаҳои гуногун дар мубориза бо пандемия саҳм мегузоранд

0
93

ҲАМОВОЗИИ БЕСОБИҚАИ ҲАМВАТАНОН БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони соҳаҳои гуногун дар мубориза бо пандемия саҳм  мегузоранд

ДУШАНБЕ 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар  ҷавоб ба  даъвати  башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, соҳибкорони саховатпеша   дар  пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус саҳми худро гузошта истодаанд.  

Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик.

Дар ин рӯзҳои ҳассос  дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва  табибони мамлакат амали неку савоб арзёбӣ мешавад.

Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пешгирии бемории сироятии COVID-19 саҳм гузошта, музди меҳнати якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо коронавирус гузарониданд, ки ҷамъ 9701 (нуҳ ҳазору ҳафсаду як) сомониро ташкил медиҳад.

Вазъи кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору вазнин дар паҳлӯи ҳам бошем ва то қадри имкон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз намоем.

ҲАМОВОЗИИ БЕСОБИҚАИ ҲАМВАТАНОН БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кормандони соҳаҳои гуногун дар мубориза бо пандемия саҳм  мегузорандДиректори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар пайравӣ ба  иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст,  таҳвил дод.

Ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ 50 фоизи маоши якмоҳа ва дигар ҳайати шахсии Агентӣ маоши дурӯзаи худро, ҷамъ ба маблағи 50 000 сомонӣ (панҷоҳ ҳазор) ҳамчун кумак ба фонди COVID-19 гузарониданд.

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар Агентӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфта, дар ин росто тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ  карда мешаванд.

Тавре мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимои аҳолии шаҳри Норак Фируз Ғуломов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод, дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморони мубталои бемории коронавирус корвони мошинҳои пурбор иборат аз маводи доруворӣ, антисептикӣ, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои  муҳофизатӣ, рахти хоб, инчунин маводи хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, биринҷу равған ва дигар  анвои ғизоӣ вориди шаҳри Норак гардид ва ин кумакҳо   ба 640 нафар кормандони соҳаи тандурустии шаҳр расонида шуданд.

Соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳри Норак ба 865 оилаи эҳтиёҷманд маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, картошкаю пиёз ва ғайра дастрас намуданд.

Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи ҷавонон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба 125 нафар ҷавонони маъюб, ятимони кулл ва ниёзмандон ёрии моддӣ расонида шуд. Масъулини шаҳри Норак гуфтаанд, ки ятимону маъюбон зери ҳимоя ва пуштибонии давлат буда, минбаъд низ дар ҳаққи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир карда мешавад.

ДАР АКСИ БОЛО: оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.   Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj