«АМОНАТБОНК»: Тамоми банкоматҳо бо пули нақд таъмин мебошанд

0
125

«АМОНАТБОНК»: Тамоми банкоматҳо бо пули нақд таъмин мебошанд

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар иртибот ба вазъи пандемияи  COVID-19  дар ҷумҳурӣ тамоми филиалҳои «Амонатбонк» ва  банкоматҳо бо пули нақд таъмин буда, ххизматрасониҳо ба нафақагирон, муаллимон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои нафақа ва музди маош интиқоли маблағҳо  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷойҳои кории кормандони бонк ва нуқтаҳои мубодилаи асъору интиқоли маблағҳо бо маводи зиддиуфунӣ поккорӣ гардида, ҳар  соат ҳавои утоқҳои корӣ тоза гардонида мешавад. Ҳамзамон дар назди бино ва банкоматҳо шиору овезаҳои тавсиявии зидди бемориҳои сироятӣ овезон ҳастанд, иттилоъ медиҳад сарчашма.

Ҳамзамон «Амонатбонк» аз мизоҷони худ хоҳиш менамояд, ки  ҳангоми дар банкомат дармондани корт, истифодаи нодурусти Амонат Онлайн, СМС- паёмак ё кор накардани банкомат дар назди маҳалли худ метавонанд бо  телефони тамос — 1885, ки 24 соат фаъол аст, муроҷиат намоянд. Мутахассисони бонк омодаанд мушкили шуморо дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.

«АМОНАТБОНК»: Тамоми банкоматҳо бо пули нақд таъмин мебошанд

Источник: khovar.tj