«Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»-таҳти чунин ном дар Душанбе барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд

0
107

«Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»-таҳти чунин ном дар  Душанбе барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он  занони баруманди мамлакат, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, занони муваффақ аз соҳаҳои мухталифи мамлакат, бонувони варзишгар, шоирону нависандагон, ҷавондухтарони фаъол ва ҳунармандон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр кард, ки воқеан зан- модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта,  баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.

«Дар доираи Рӯзи Модар ба ҳам овардани занони баруманди мамлакат ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби занон барои ҷавондухтарон дарси намунаи олии таҷрибаи рӯзгор мебошад. Зеро онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. Инчунин нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад»,- гуфт А.Раҳмонзода.

«Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»-таҳти чунин ном дар  Душанбе барномаи фарҳангӣ гузаронида шудСардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Фаттоҳзода бонувону модарони тоҷикро табрик гуфта, зикр намуд, ки  зан — модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар ҳаёти инсон мебошад. Модар оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ин  аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занро дар ҷомеа баланд бардошта дар ҳама ҳолатҳо пуштибонӣ аз зан- модар  менамоянд.

“Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид дошта буданд, ки зани тоҷик зани боиффат, фарҳангсолор, чароғи хонадон, равшангари рӯзгор, тарбиятгар ва зебодиҳандаи ҷомеа мебошад”, — гуфт Гулҷаҳон Фаттоҳзода.

Дар ҳақиқат Модар сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Ин аст, ки  ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст дошта, азиз мешуморад.

Ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи мамлакат бо суруду таронаҳои ҷолиби худ дар васфи Модар, Ватан ва ишқу муҳаббат  хотири  иштирокчиёнро болида гардониданд.

Источник: khovar.tj