«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия»-конференсияи минтақавӣ дар Душанбе

0
71

«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия»-конференсияи минтақавӣ дар Душанбе

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» конференсияи минтақавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зикр гардид, ки мақсади асосӣ аз амалисозии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон боз ҳам наздик намудани робитаи ин мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи конференсияи сатҳи баланд сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода иброз намуд, ки «тайи ду рӯзи баргузории конференсия иштирокчиёни он масъалаҳои вобаста ба табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ва такмили амалия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои наздиксозии равобити милитсия бо шаҳрвандон ҷиҳати ҳаллу рафъи мушкилоти рӯзро, ки марбут ба таъмини бехатарӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд».

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода зикр кард, ки «чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди амалисозии ислоҳоти милитсия бомаром ҷараён дорад. Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд давлатҳои дӯст дар доираи ин иқдом корҳои зиёдеро анҷом додааст. Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар ин сохтор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста ба Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зертобеи он ташриф меоранд».

«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия»-конференсияи минтақавӣ дар ДушанбеДар идомаи конференсияи минтақавӣ ҳамчунин директори Шуъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ниша Прайер Синкх, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Saferworld» (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов, муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба илм, полковники политсия Павличенко Николай Владимирович, сардори Академияи Қустанайи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш. Қобилбоев, полковники политсия Биекенов Нурлан Амангелдинович, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода ва чанде дигар бо намоиш додани слайдҳо оид ба сатҳи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои худ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи минтақавӣ оид ба «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок доштанд.

Источник: khovar.tj