Ҳамкории байниминтақавӣ миёни музофоту шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

0
199

Ҳамкории байниминтақавӣ миёни музофоту шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1-4 ноябр бо даъвати Ҳукумати музофоти Ҷиангсӣ ва Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен сафари корӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқотҳо бо муовини губернатори музофоти Ҷиангсӣ хонум У Ҷунчун ва муовинони раисони шаҳрҳои Нанчанг ва Ҷиндеҷен доираи васеи масъалаҳои ҳамкории байниминтақавӣ миёни музофот ва шаҳрҳои зикргардида бо вилояту шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва санъат баррасӣ гардиданд.

Дар доираи сафари корӣ Сафир роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба ҷонибҳои манфиатдор маълумот дода, аз корхонаҳо ва иттиҳодияҳои саноатии музофоти Ҷиангсӣ, аз ҷумла аз иттиҳодияи бонуфузи Чин «Jiangxi Copper Corporation Limited» боздид намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj