АМИТ «Ховар» барои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷавонон ва саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати ҷавонон бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш сарфароз гардид

0
185

АМИТ «Ховар» барои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷавонон ва саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати ҷавонон бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш сарфароз гардид

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои ҳамкориҳои мутақобилан судбанд, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷавонон ва саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати ҷавонон бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуд.

Сипосномаи мазкур имрӯз имрӯз зимни маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  дар соҳаи кор бо ҷавонон ба роҳбарияти Агентӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология – инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, Ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» , ғолибони  озмуни «Донишҷӯи сол- 2019» , озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯӣ», озмуни ҷумҳуриявии  «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ», Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ғолибони озмунҳо  муайян шуданд.

Источник: khovar.tj