Амалиёти ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
428

Амалиёти ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”  дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

       25 майи соли равон дар Иттифоқи Тоҷикматлубот гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Амробекова Руқия,  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Ҷурахонзода Ҷумахон,  мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроия ҳизб дар ноҳия Мухамадуллоева Замира ва сарпарасти ташкилоти ибтидоӣ  Хайём Амонов  амалиёти тафтишотӣ  зери унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот”  гузаронда шуд.

        Амалиёт баъд аз вохӯрӣ бо Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳусайн Сафаралиевич   дар утоқи ҳизбӣ бо иштироки Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот” – Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ   баргузор  гардид.

        Дар рафти амалиёт  масъалаҳои қабул, бақайдгирӣ, сабти ҳаракати аъзои ҳизб ва устувор гардонидани ҳисси масъулиятшиносии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дида баромада шуда,  аз тарафи гурӯҳи корӣ баҳри вусъат додани масъалаҳои дар боло зикршуда тавсеаҳои муфид дода шуд.

Амалиёти ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони "Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман" дар Иттифоқи Тоҷикматлубот