Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагони эҷодкунандаи монеа ба ҳаракати автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»

0
104

Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагони эҷодкунандаи монеа ба ҳаракати автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи як амалиёти махсус таҳти унвони шартии «Ёрии таъҷилӣ», аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор ронандагони автомашинаҳои шахсӣ ва мусофиркашони ҷамъиятӣ, ки ба ҳаракати автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» монеагӣ намуданд, муайян ва боздошт карда шуданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кормандони милитсияи пойтахт дар доираи ин амалиёт нахуст бо даъвати шартӣ бригадаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро ба мавзеи шартии даъватшуда сафарбар намуда, зимни ҳаракати автомашина танҳо дар 15 км роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 43 ҳолати роҳ надодани автомашинаҳои шахсии шаҳрвандон ва ҳамчунин мусофиркашонҳои ҷамъиятӣ ба «Ёрии таъҷилӣ»-ро ба навор гирифтанд.  Нисбати ҳамаи ронандагони муайянгардида, аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 1010 NS 01, шаҳрванд Саидов Абдураҳмон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», рақами қайди давлатиаш 1111 ВВ 07, шаҳрванд Давлатов Шералӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», рақами қайди давлатиаш 9030 ТТ 01, шаҳрванд Давлатов Исматулло, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-СРВ», рақами қайди давлатиаш 0102 ЕХ 01, шаҳрванд Шоев Шералӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш 5946 ТТ 05, шаҳрванд Додарбеков Мақсадуллоҳ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Рав-4», рақами қайди давлатиаш 111 В 017,
ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», рақами қайди давлатиаш 3265 ТТ 05, шаҳрванд Қувватуллои Маҳмадӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 2281 СО 03, шаҳрванд Эшонзода Абдулло, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 3200 РР 01, шаҳрванд Давлатов Дилшод, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0124 ММ 01, шаҳрванд Бобоҷонов Зоирҷон тибқи талаботи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои роҳ надодан ба автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ», ки қонунгузори онро ҳамчун нақлиёти бартаридошта дар вақти ҳаракати роҳ эътироф намудааст, маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи боби 4-уми Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, истифодабарии рангҳои фурузони шуълавари кабуд ва сигналҳои овозии махсус ба автомшаинаҳои «Ёрии таъҷилӣ»-и тиббӣ иҷозат дода шудааст. Бинобар ин ҳангоми наздик омадани воситаҳои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ»-и тиббӣ, ки дар онҳо чароғи шуълавари ранги кабуд фурӯзон буда, сигнали овозии махсус ба кор дароварда шудааст, ронандагони дигар воситаҳои нақлиёте, ки дар хатҳои ҳаракати самти баробарбуда қарор доранд, ӯҳдадоранд хатҳои ҳаракати ишғолнамудаашонро фавран озод намуда, ҳаракати бемамоният ва бехатари «Ёрии таъҷилӣ»-ро таъмин намоянд.

Ба ҳамин мақсад, ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки зимни идораи автомашина талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамҷониба риоя намуда, ба ҳаракати бемамонияти «Ёрии таъҷилӣ» халал нарасонанд.

Амалиёти шартии «Ёрии таъҷилӣ»: Боздошти ронандагони эҷодкунандаи монеа ба ҳаракати автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»

Источник: khovar.tj