АМАЛИЁТИ «КОРД». Кордзанӣ суннати ҷавонмардӣ нест, гаравиши аксари наврасону ҷавонон ба ин амали номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ ба вуҷуд омадааст, мегӯяд ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

0
145

АМАЛИЁТИ «КОРД». Кордзанӣ суннати ҷавонмардӣ нест, гаравиши аксари наврасону ҷавонон ба ин амали номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ ба вуҷуд омадааст, мегӯяд ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 04.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт  амалиёти «Корд» роҳандозӣ шудааст.  Дар давоми баргузории ин амалиёт аз 27 ноябр то 1 декабр 11 нафар шаҳрвандон боздошт шуданд, ки бо худ силоҳи сард, аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд. Аз онҳо 10 адад корд, 2 адад кастет ва 1 адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.

Ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО роҷеъ ба ин аъмоли номатлуб – кордзанӣ мулоҳиза меронад.

АМАЛИЁТИ «КОРД». Кордзанӣ суннати ҷавонмардӣ нест, гаравиши аксари наврасону ҷавонон ба ин амали номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ ба вуҷуд омадааст, мегӯяд ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ДушанбеАфзоиши ҳодисаҳои ба ҳамдигар кордзанӣ, муноқишаҳои гурӯҳӣ, задухӯрдҳои кӯчагӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, хусусан дар пойтахти ватанамон  имрӯз ҷомеаро сахт ба изтиробу андеша андохтааст. Худо накунад, ки ин падида чунон ки дар баъзе шаҳру кишварҳои олам вуҷуд дорад, ба зуҳуроти анъанавию ҳамешагӣ табдил ёбад. Он гоҳ аз байн бурдани он,  чунон ки таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, осон нахоҳад буд.

Аслан авбошии наврасону ҷавонон ҳеҷ гоҳ хоси одоби миллии тоҷикӣ набуду нест. Шояд бад – он сабаб, ки  ойинҳои ҷавонмардии мардуми мо, ки решаҳои қавии бостонӣ доранд, ба чунин зуҳурот роҳ намедоданд. Илова ба ин, одобу хиради зотию хонаводагии халқамон, ки ҳамеша ба ақли солим ва илму фарҳанг такя дошту аз некманишӣ ва родмардӣ сарчашма мегирифт, намегузошт, ки ин падида ривоҷ ёбаду нумӯъ намояд. Аммо далелҳои як-ду соли охир гувоҳи зуҳури ҳарчӣ бештари ин падидаи номатлуб ва хатарнок мебошанд, ки наметавонанд моро бе тафриқа гузоранд. Овардани танҳо ду далели рӯзҳои охир кофист.

8 октябри соли равон дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми ба донишгоҳ рафтан, байни ду дошишҷӯи бахши якуми  Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон – сокини кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Сино Убайдулло Қурбонови 18-сола ва истиқоматкунандаи  кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин ноҳия Дилмурод Фозилови 17- сола муноқишае сар зад. Дар натиҷаи он номбурдагон ҳамдигарро лату кӯб карданд ва моҷаро то ба кордзанӣ расид. Дар ин муноқиша Дилмурод Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расид.

АМАЛИЁТИ «КОРД». Кордзанӣ суннати ҷавонмардӣ нест, гаравиши аксари наврасону ҷавонон ба ин амали номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ ба вуҷуд омадааст, мегӯяд ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ДушанбеҲодисаи дигари кордзанӣ баъд аз се рӯзи ин ҳодиса, 12 октябр дар маҳалли 103-и пойтахт рӯй дод. Сокинони шаҳри Душанбе Ифтихор Толиҳови 19-сола, Амирҷон Бобоеви 20-сола ва Муҳаммадшариф Зокирови 21-сола ҳангоми қарор доштанашон дар роҳи пиёдагарди бинои №42 –и кӯчаи Б.Ғафуров байни худ муноқиша намуданд. Дар ин муноқиша Талиҳов Ифтихор Ҷамшедович бо истифода аз корди дар дастдошта як маротиба ба бадани  Амирҷон Бобоев зада, ба ӯ ҷароҳати вазнин  расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Аз ин захм Амирҷон Бобоев бистарии беморхона гардид.

Омори Вазорати корҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки чунин кордзаниҳо тайи чанд соли охир афзоиш ёфта, як ҷиҳати фарқкунанда ва ташвишовар  ин аст, ки онҳо хусусан дар байни ноболиғону ҷавонон сурат мегиранд. Ҳамзамон изтиробовар он аст, ки аксари онҳое, ки даст ба ин рафтори ҷиноӣ задаанд, муҳассилини мактабҳои умумӣ ё донишҷӯёни макотиби олӣ буда, дар оилаҳои солим зиндагӣ мекунанд.

Ин ҷо саволҳои зиёде касро ба андеша водор месозанд.  Аввал ин  ки чаро ҷавонон бо худ корд ва дигар силоҳҳои сард (олоти халандаю бурранда ва зарбрасон)- ро гирифта мегарданд?

Натиҷаҳои баргузории амалиёти “Корд” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки новобаста ба таблиғоту ташвиқот, баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳӣ аз пайомадҳои мудҳишу вазнини бо худ гардонидани силоҳи сард, натиҷаҳои фоҷиаангези  муноқишаву авбошиҳо бо истифодаи онҳо ҳанӯз ҳам ноболиғону ҷавонон бо худ силоҳи сард мегардонанд.

АМАЛИЁТИ «КОРД». Кордзанӣ суннати ҷавонмардӣ нест, гаравиши аксари наврасону ҷавонон ба ин амали номатлуб аз бекорӣ, беҳадафию бедонишӣ ба вуҷуд омадааст, мегӯяд ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ДушанбеСаволи дуюми андешаовар ва изтиробангез ин аст, ки кай, дар куҷо, чӣ иштибоҳе аз хонавода, ҷомеа  ва маъмурияти таълимгоҳҳо рафта, ки наврасону  ҷавонони мо гирифтори чунин рафторҳои ношоиста гардидаанд?

Саволи сеюм, ки аз саволҳои боло бармеояд, ин аст, ки чӣ сарчашмаҳое ҷавонони моро раҳнамоӣ ба авбошиҳо  мекунанд?

Барои гирифтани пеши роҳи ин зуҳуроти нангин дар ҷомеа мо бояд ҳарчи зудтар посухи ин саволҳоро биёбем. Ҷомеашиносону мутахассисон бояд ҳарчи  фаъолтару оҷилтар дар таҳқиқи ин масъалаҳо бошанд.

Биёед, боре биандешем: кистанд ҷавононе, ки гирифтори муноқишаву авбошиҳо гардидаанд? Дар назари аввал мусаллам аст, ки инҳо ҷавонону наврасоне мебошанд, ки аз таҳти назорату таваҷҷуҳи ҳам хонавода ва ҳам ҷомеа дур мондаанд. Одатан  дар замони пеш наврасон ва ҷавононе гирифтори авбошӣ мешуданд, ки дар хонаводаҳои нотинҷ, дар ҳолатҳои душвор зиндагӣ мекарданд, норасоиҳои зиёде дар ҳаёти шахсӣ доштанд. Шояд имрӯз ҳам теъдоде аз ин қабил бошанд. Аммо ҳайратовар ин аст, ки имрӯз аксари ин наврасони душвортарбия, мушкилниҳод, гирифтори маводи мухаддир ва рӯ оваранда ба муноқишаҳо  дар хонаводаҳои серу пур, дар оилаҳои шахсони маъруф зиндагӣ мекунанд. Пас ин чӣ муаммоест? Шояд инҳо дар заминаҳои худпарастӣ, зиёдаравӣ, ғуруру такаббури хонаводагӣ, серию пурию пулдорӣ  ба вуҷуд омадаанд?

Ҳадафи мо ҳоло дар ин мақола додани посух ба ҳама ин суолҳо нест, зеро ин кор бе заминаи омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷомеашиносон, бе натиҷагириҳои илмию асосноки мутахассисон номумкин аст. Аммо мо саволҳоеро мегузорем, ки бояд ҳамагонро ба андеша андозанд ва шояд  ҷомеаю масъулинро ба ҷустани роҳи ҳалли ин мушкилот сафарбар намоянд.

Ба ҷуз аз масъулияти муаллимони мактабҳои оливу  умумӣ, ба ҷуз аз масъулияти мураббиёни   таълимгоҳҳо, масъулияти падару модар, ки тибқи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шудааст, мо бояд таъсири омилҳои дигареро, ки ҷавонони моро ба бероҳаҳо раҳнамоӣ мекунанд, аз ёд набарорем.

Дуруст аст, ки аввалин сарчашмаи таъсирро дар тарбияи хонаводагӣ аз назорати волидайн бояд ҷуст. Сипас, дабистону мактабҳо, мураббиву муаллимҳо низ нақши бузург хоҳанд дошт. Аммо танҳо дар масъулияти падару модар ва мактабу донишгоҳ  дидани ҷанбаҳои гаравиши носолими наврасону ҷавонон иштибоҳ хоҳад буд, зеро омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд. Омили аз ҳама таъсирбахшро бурун аз доираи хонаводаю мактаб дар кӯчаву ҷомеа ва дар ҷамъомадҳои дигар метавон ҷуст.

Ба андешаи банда, илова ба ҳама омилҳои зикршуда, мо набояд таъсири ҷаҳони берунаро, ки бо фишори ҷаҳонишавӣ имрӯз зиндагии  моро ҳам кам-кам ба коми худ мекашад, фаромӯш кунем. Таъсири нақшаву амалиёти аз беруни кишвар тарҳрезишударо набояд аз ёд бурд. Таблиғи куштору зӯроварӣ ва тарзи носолими зиндагӣ тавассути навору тасвирҳо ва филмҳои сабукандешонаву арзонбаҳои хориҷӣ яке аз ин сарчашмаҳоянд, ки барои наврасони нодидаи мо сахт таъсирбахшу мутаассир хоҳанд буд. Ба ҷуз он ки баъзе амалиёт аз ҷониби душманони давлати мо мақсаднок тарҳрезӣ мешаванд.

Биёед, ба ёд орем, ки амалиёти куштори сайёҳони хориҷӣ, ки чанде пеш дар ҳудуди мамлакат низ аз ҷониби ҷавонон сурат гирифта буд, чӣ ҳадафҳое дошт ва чаро сурат гирифт? Ё ба ёд орем, ки чӣ қадар ҷавонони мо бо таъсири  таблиғоти нослоим ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидаву ҷавонмаргу ноком гардиданд. Саволҳе ҳастанд, ки имрӯз посухи фаврӣ мехоҳанд. Чаро мактаббачагони дирӯза имрӯз террорист шуданд? Чӣ гуна пеши роҳи гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои номатлубро метавон баст? Ва ғайраву ғайраҳо.

Бояд гуфт, ки масъалаи мушкилот дар ҷодаи тарбияи наврасону ҷавонон падидаест, ки имрӯз кишварҳо ва халқҳои дигари оламро низ ба изтироб овардааст. Аз ин рӯ дар қатори чораҳои ногузире, ки аз ҷониби ҷомеа ва масъулин дида мешаванд, хуб аст агар мо таҷрибаи дигаронро низ биомӯзем. Дар айни замон омӯзиши зуҳуроти авбошии ноболиғону ҷавонон дар кишварҳои пасошӯравӣ сабақомӯз хоҳад буд. Хусусан  таҷрибаи маъмурияти шаҳри Таллини пойтахти Эстония, зеро дар ин шаҳр амали гурӯҳҳои авбошу қонуншикани наврасону ҷавонон қариб, ки аз доираи назорат комилан берун баромадааст ва мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои рафъи ин зуҳуроти хатарнок бонги хатар мезананд. Дар ин ҷода омӯзиши таҷрибаи кории Раёсати умури дохилии шаҳри Санк-Петербург аз ҷониби ВКД шаҳри Таллин ибратомӯз аст.

Раиси куҳансолони ноҳияи Ласнамяэи  Таллин  Мария Юферева ба кори идораҳои умури дохилии Санкт-Петербург баҳои сазовор дода, зикр кард, ки таҷрибаи онҳо дар мавриди азнавтарбиякунии наврасони душвор барои пойтахти Эстония метавонад кумак расонад. Маълум шуд, ки дар Таллин ва Петербург  аз тарзҳои гуногуни амал ва муносибат бо кӯдакони гурӯҳи хатарнок  кор гирифта мешавад.

Аз ҷумла, дар  Санкт-Петербург идораҳои хидмати иҷтимоӣ  ҷавононро аз рӯи нишонаҳои синну сол ҷудо карда, бо онҳо кор мебаранд. Чунин услуб имкон медиҳад, ки бо гурӯҳи аз ҳама мураккаби наврасон- аз 14 то 17-сола корҳо самараи хуб диҳанд. Ба азнавтарбиякунии наврасону ҷавонон дар Санкт-Петербург  идораҳои худидоракунии маҳаллӣ, ки маҳфилу клубҳои  зиёди мунисипалӣ барои наврасон доранд, машғуланд. Ба ин клубҳо наврасону ҷавонони душвортарбия бо роҳхат меоянд. Машғулият дар маҳфилҳо барои онҳо  бепул сурат мегирад. Аҷиб ин аст, ки бисёри наврасон бо камоли шавқу хоҳиш дар ин машғулиятҳо иштирок мекунанд. Ин барои бозгаши онҳо ба ҳаёти солим мусоидат менамояд.

Нақши бузургро дар кор бо  ноболиғони душвор Комиссия оид ба кор бо ноболиғон мебозад, ки дар ҳамкории пайваста бо дигар ташкилот, аз ҷумла бо намояндагони органҳои ҳуқуқӣ бурда мешавад.

Чунонки дар матбуоти Эстония дарҷ шуд, вақтҳои охир масъалаи  наврасони душвор хеле тунду тез аст. Дар охири тобистон матбуот аз ривоҷу  фаъол шудани авбошӣ ва ғоратгарӣ аз ҷониби  гурӯҳҳои  наврас хабар дод.

Мақомоти давлатии шаҳрро зарур омад, ки барои ҷорӣ кардани тартибот дар боғҳои истироҳатии шаҳр  кормандони ҳифзи қонунро ҷалб кунанд.

Дар партави зуҳуроти қонуншикании наврасон мақомоти Таллин  ба чунин қарор омаданд, ки комиссияҳои барҳамдодашудаи замони шӯравиро оид ба корҳои ноболиғон барқарор ва фаъол кунанд. Ба кори ин Комиссия кормандони полис, табибон, кормандони созмонҳои ҷавонӣ ва варзиш дар ҳашт ноҳияи Таллин ҷалб карда мешаванд. Ба андешаи  адвокат Леонид Оловянишков, эҳёи ин Комиссия чораи саривақтӣ ва дуруст буд. Дар баробари ин ӯ зикр  кард, ки  мутаассифона, имконияти ба осонӣ барҳам додани гурӯҳҳои таъсисшудаи ҷиноии наврасон аллакай аз даст рафтааст, акнун тарбияи душвори онон пешорӯ омадааст.

Албатта, тасввур кардани чунин ҳолат  дар кишвари адабпарвари мо ба назар номумкин менамояд. Аммо зуҳури якчанд амалиёти ҷиноии наврасон моро ҳушдор медиҳад, ки сари вақт тадбирҳо андешем. Ин далелҳо аз таҷрибаи кишварҳои дигар низ барои он оварда шуданд,ки сабақе аз дарси онҳо гирифта, барои нарасидан  ба ин дараҷаҳои номатлуб ва хатарангез илоҷи воқеа пеш аз вуҷӯъ ҷуста шавад.

Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои ба самти солим бурдани зиндагӣ ва амалиёти наврасону ҷавонони мо андешидани чораву машғулиятҳои муфид ва манфиатоварест, ки ҳам ононро машғул медоранд ва ҳам барои камолоти инсонияшон раҳнамоӣ мекунанд. Омӯхтану гирифтани баъзе таҷрибаҳои неку баманфиат аз гузаштаи наздикамон низ ба манфиати кор хоҳад буд. Банда ба ба ёд меорам, ки дар замони наврасиамон дар мактабҳо, хонаҳои пионерон ва ғайра маҳфилу машғулиятҳои ҳунарии зиёде берун аз дарс  амал мекарданд, ки аксари мактаббачагон шомили онҳо буданд ва дар он ҷо ҳунаре, пешаеро аз чӯбкорӣ, ҳатто кор бо дастгоҳи коркарди оҳан то гилкорию рассомию навозандагӣ ва ғайраҳо меомӯхтанд. Хуб мебуд он таҷрибаи муфид имрӯз ҳам  барқарор карда шавад.

Баъдан, қобили қаноатмандист, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Раиси ҷавони пойтахтамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми маҳалҳои шаҳр як – ду – се-тогӣ майдончаи варзишӣ ва фароғатгоҳҳои кӯдакон сохта шудаанд. Созмонҳои ҷавонон, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳу ҳунаристонҳои моро лозим аст, ки барои ташкили маҳфилҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ аз онҳо фаъолона истифода баранд. Мутаассифона, алҳол чунин иқдомҳо кам ба назар мерасанд. Ин варзишгоҳҳои ҷамъиятӣ аз сабаби беназоратӣ ва мақсаднок истифода нашудан зуд таъмирталаб мегарданд. Гумон мекунам, гаравиши номатлуби аксари наврасону ҷавонон аз бекорӣ, аз беҳадафию бемақсадӣ ба вуҷуд омадааст.

Хушбахтона, мо миллате  ҳастем, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи баланди ҷавонмардиву футувват, одоби ҳамидаи инсонӣ, покию некманишӣ ва хайрхоҳию инсондӯстӣ таҷрибаи ғании таърихӣ дошта, бузургонамон даҳҳо китобу сарчашмаҳое ба мерос гузоштаанд, ки дар ҳама давру замонҳо раҳнамои тарзи солими зиндагӣ на фақат барои халқи мо, балки  барои тамоми инсониятанд.

Бояд ба наврасону ҷавонони мо талқин шавад, ки онҳо аз сулолаи некманишонанд ва гузаштагони шарифашон бо намунаи баланди одобу маърифат зиставу ном баровардаанд. Ва дар таълимоти ҷавонмардии гузаштагон, яъне падаронашон ҷавонмард он нест, ки  корд бар сари инсони дигар, хусусан рафиқаш мекашад, балки баръакс, кордкашӣ нишонаи заифӣ ва ноҷавонмардӣ маҳсуб шудаву ғолиб он ҷавонмарде дониста мешавад, ки соҳиби сабру таҳаммули бузург аст ва метавонад на ҳарифи худ, балки ҷаҳлу ғазаби худро мағлуб созад ва  сарбаланду пирӯз монад.

 

Камол НАСРУЛЛО,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрои Душанбе,
ходими адабии АМИТ  «Ховар»
Шоири халқии Тоҷикистон

Источник: khovar.tj