Амалиёти «Корд» дар Душанбе: 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер дарёфту мусодира карда шуд

0
120

Амалиёти «Корд» дар Душанбе: 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер дарёфту мусодира карда шуд

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт  амалиёти «Корд» идома дорад. Давоми баргузории ин амалиёт аз 27 ноябр то 1 декабр 11 нафар боздошт шуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард, аз қабили корду кастет ва электрошокер мегардониданд. Аз онҳо 10 адад корд, 2 адад кастет ва 1 адад электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.

Тавре аз Раёсати  мазкур ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба  он нафароне, ки зимни ин амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуданд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима  то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуданд.

«Амалиёти  «Корд»  дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.

Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, нафароне, ки бо худ чунин силоҳҳои сардро мегардонанд,  дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ аз он истифода бурда, ҷиноятҳои вазнини ба муқобили саломатӣ равонагардидаро содир мекунанд»,-афзуд манбаъ.

Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон  хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ки ҳамагон аз оқибатҳои даҳшатбори  он хуб огаҳанд, бетараф набошанд. Ҳамзамон амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.

Источник: khovar.tj