Ҳалокати кӯдаки 5 – сола зери чархи мошини Toyota Camry дар ноҳияи Восеъ

0
155

Ҳалокати кӯдаки 5 - сола зери чархи мошини Toyota Camry дар ноҳияи Восеъ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати пиёдагарди хурдсол хабар медиҳад, ки зери чархи ронандаи мошини Toyota Camry монда ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рӯзи 2 – юми марти соли  равон дар ноҳияи Восеъ ба вуқӯъ омадааст.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сонеҳаи нақлиётӣ ба айбиронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry Абдусууди Абдусаттор, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ рух додааст.

Манбаъ меафзояд, номбурда ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Селбур ба самти деҳаи Тосқалӣаи ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиев аз уҳдаи идораи худрав набаромада, пиёдагарди хурдсол, Бегов Рӯзибеки 5 – соларо пахш намудааст.

“Пиёдагарди хурдсол, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар хабари манбаъ.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com