Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
220

Имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳисоботи муовини вазир-сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷроиши Қонуни зикргардида дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбати зиёда аз даҳ ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз шаш ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо менамуданд, аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро чиҳати сари вақт таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он, дастурҳо доданд.

Дар ҷаласа, инчунин, масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод», ки 6 ноябри соли 2019 ба амал омада буд ва чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳокима гардиданд. Доир ба ин масъалаҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот доданд.

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Источник: president.tj